Хабарҳо ҲАФТАИ ФАННӢ ДАР КАФЕДРАИ “АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin On Apr 19, 2023 0 Санаи 18 апрели соли 2023 бо роҳбарии омӯзгори кафедра Шомаҳмадова Н.А., ва гурӯҳи 414 факултети “Кори момодоягӣ” маҳфили донишҷӯен дар мавзӯи “Ғизои зани ҳомила” шуда гузашт. Сараввал Суруди миллӣ садо дод. Баъд донишҷӯдухтарон дар бораи ғизои зани ҳомила, норасоии ғизо дар зани ҳомила ва таъсири он ба тифли дар батнбуда, таркиби маҳсулотҳои хӯрока, аз он ҷумла сабзавотҳо, мевагиҳо, маҳсулоти нонӣ ва ширӣ, норасоии витаминҳо, суст ҷаббида шудани поливитаминҳо маълумотҳо пешниҳод намуданд. Аз тарафи донишҷӯен саҳна намоиш дода шуд, ки мазмуни он нодуруст истеъмол кардани ғизо аз тарафи зани кӯдаки ширмак дошта буд. Ба донишҷӯени дар толор буда, баъд аз пешниҳод намудани маълумотҳо саволҳо дода шуданд. Донишҷӯени ба саволҳо дуруст ҷавоб дода, соҳиби туҳфаҳо гаштанд. Дар интиҳо сармутахассиси шуъбаи назорати сифати таҳсилот Мазабова Н.Н ва декани факултети “Кори момодоягӣ” Гадоева Қ.Б қайд карданд, ки мавзӯи интихобшуда актуалӣ буда, барои фаъолияти минбаъдаи кормандони миенаи тиб аз манфиат холӣ нест. Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан