Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО – МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Имрӯз, бахшида ба фарорасии Иди саиди Фитр, директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо донишҷӯёни ятиму бепарастор ва маъюб вохӯрӣ баргузор намуданд. Донишҷӯён ба вохӯрии тантанавӣ даъват карда шуда, дар он аз муошират бо роҳбарияти муассиса, омӯзгорон ва дигар донишҷӯён лаззат бурданд.

Дар оғоз роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар назди донишҷӯён суханронӣ намуда, онҳоро бо фарорасии ин ид табрик намуданд ва ҳамчунин ба онҳо барои суботкорӣ дар раванди таълим ва ноил гаштан ба натиҷаҳои беҳтарин дар баробари душвориҳои зиёд, миннатдорӣ баён намуданд.

Аз чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти коллеҷ донишҷӯён хеле шод гардида, изҳори сипос ва шодӣ намуданд. Ҳамчунин, муҳассилин қайд карданд, ки бо дастгирии роҳбари муассиса ҳеҷ мушкилие барои гирифтани таҳсил надоранд ва таваҷҷӯҳи пайвастаи роҳбарият ба ҳаёту фаъолияти онҳо барои таҳсил нерӯ ва ангеза мебахшад.

Илова бар ин, директори коллеҷ ба ҳар як донишҷӯи ятиму маъюб барои қадрдонии заҳмат ва дастовардҳои онҳо дар таҳсил, тӯҳфа тақдим намуданд. Ин як иқдоми олӣ буд, зеро ки моҳияти дастгирӣ ва эҳтироми ин табақаи донишҷӯёнро дарҷ мекард.

Дар маҷмӯъ тамоми идҳои миллӣ барои донишҷӯёни ятиму бепарастор ва маъюб ба як рӯзи вижа табдил ёфтааст, зеро онҳо худро дар ин рӯзҳо махсусан муҳим ва боэҳтиром ҳис намуда, аз ҷониби роҳбарият ва омӯзгорон дар ин рӯз ба онҳо дастгирӣ ва таваҷҷуҳ бештар зоҳир мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки табақаи мазкури донишҷӯён аз ҷониби роҳбарияти муассиса на танҳо дар арафаи ҷашнвораҳо, балки мунтазам дастгирӣ ёфта, раванди таълиму зисти онҳо аз оғози таҳсил то хатм дар мадди назари директори муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода қарор дорад. Зоҳир намудани таваҷҷӯҳи бештар дар ин рӯзҳои ҷашн татбиқи амалии сиёсати башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои  он нигаронида шудааст, ки донишҷӯён худро танҳо ҳис нанамоянд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.