Хабарҳо РАВАНДИ МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛИ ДАР КАФЕДРАИ “ТАШХИСИ ЛАБОРАТОРӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 24, 2023 0 Машғулиятҳои амалӣ яке аз самтҳои асосии пешрафти сифати таълим ба ҳисоб меравад, бо ин мақсад: Тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» н.и.т Ашуриён Ш.С ва нақша-чорабиниҳои аз ҷониби шуъбаи таълим дар мувофиқа бо шуъбаи корҳои амали пешниҳодшуда ва тасдиқгардида, дар кафедраҳо машғулиятҳои амали, мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои актуалии соҳаи тандурустӣ баргузор мегардад. Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи амалии донишҷуен бо истифода аз усулҳо ва таҷҳизотҳои муосири таълимӣ дар кафедраи ” Ташхиси лабораторӣ” машғулиятҳои амалӣ ба роҳ монда шудааст. Санаи 24.04.2023 сол дар кафедраи “Ташхиси лабораторӣ” ки дар базаҳои МД Пажӯҳишгоҳи профилактики тибии Тоҷикистон ва дар МД Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятӣ ҷойгир аст бо роҳбарии мудири кафедра Аминов.А. Ҳ, дар гурӯҳи 203 – и ихтисоси “Кори тиббӣ-ташхисӣ” омӯзгори кафедра Кенҷаева Рухшона, дар гуруҳҳои 201-202 – и ихтисоси “Кори тиббӣ-ташхисӣ” машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуд. Донишҷӯён дар рафти машғулияти амалӣ фаъол буданд ва баъзе аз малакаҳои амалиро ки ба онҳо вобаста шуда буд иҷро намуданд, иҷроиши малакаҳои амалии донишҷуён дар як сатҳи баланд гузаронида шуд. Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан