Тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқнамудаи шуъбаи таълим имрӯз, 25 – апрели соли равон дар кафедраи “Фанҳои морфологӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” даври дуюми озмуни донандаи фанни “Анатомия ва физиология “гузаронида шуд, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва дарёфт намудани донишҷӯёни фаъолу болаёқат баҳри омода намудани онҳо ба озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ. Дар ҳайати комиссия муовини директор оид ба илм ва инноватсия Муминзода Ҷ.С., сардори шӯъбаи таълим Аслонова З.А., сармутахасиси шӯъбаи назорати сифати таҳсилот Мазабова Н.Н., мудири кафедраи фанҳои морфологӣ Мирзоев. М.Т., иштирок намуданд.
Дар даври дуюми озмун, ки тариқи саволҳои пушида яъне бо гирифтани саволнома (билет) баргузор гардид дар он 41 нафар донишҷӯёне, ки дар даври аввал холҳои гузаришро соҳиб шуданд аз ҳамаи факултетҳо иштирок намуданд.
Дар даври дуюм аз 41 нафар донишҷӯён, 13 нафарашон дар натиҷаи холгузории аъзои комиссия бо холҳои гузариш ба даври хотимавӣ роҳхат гирифтанд.
Даври ҷамъбастӣ бо тариқи сабқат байни 13 донишҷӯ аз рӯи нақшаи муайян ва Низомномаи махсус гузаронида шуда, ғолибон, иштирокчиён ва омӯзгоронро сюрпризҳо интизор аст.