Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАҚСИМОТИ ФАРДИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ГУРӮҲҲОИ БУҶАВӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Тибқи тартиботи муқарраршуда, ҳамаи хатмкунандагоне, ки аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ, яъне буҷа дар шуъбаҳои рӯзона ва шабонаи факултетҳои мухталифи муассисаҳои таълимии миёнаи касбии тиббӣ таҳсил менамоянд, бояд се сол дар муассисаҳои давлатие, ки тибқи роҳхати муассисаи таълимӣ барои кор ба ҳайси мутахассис равона мегарданд, кор ва фаъолият намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки муассисаҳои мазкур дар мавқеи қайди зисти хатмкунандагон ҷойгир буда, дар ҳолатҳои истисноӣ бо сабабҳои оиладоршавӣ ё таъғири ҷойи зист, метавонанд таъғир ёбанд.

Санаи 26 апрели соли 2023 бо дастури директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода тақсимоти фардии хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ баргузор гашт, ки  дар рафти он аввалиндараҷа эҳтиёҷоти муассисаҳои тиббии давлатӣ ба назар гирифта шуд. Зимнан барои назорат ва танзим дар раванди тақсимот роҳбари Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А.Д., мутахассиси шуъбаи таълим Зарипова Б ва Абдуллоев Раҳматулло – мутахассиси раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Қайд кардан зарур аст, ки барои бештар ҳавасманд намудани муҳассилин ба раванди таълим, хатмкунандагоне, ки холи миёнаи умумии баландро сазовор гаштаанд, ҳангоми тақсимоти фардӣ тавонистанд дилхоҳ ҷойҳоро барои кору фаъолияти ояндаашон интихоб намоянд. Ҳамин тавр ятимони кул низ аз ҷониби масъулин дастгирӣ ёфтанд.

Дар раванди тақсимот, хатмкунандагон ба беморхона ва нуқтаҳои тиббие, ки дар минтақаи қайди зисташон ҷойгир мебошанд, барои кори ояндаашон сафарбар гардиданд.

Тақсимоти фардии хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ, марҳилаи муҳими раванди омодасозии мутахассисони баландихтисос буда, имкон медиҳад, ки заминаи кадрии муассисаҳои тиббии минтақаҳои гуногуни кишвар ғанӣ гашта, аҳолӣ ба ёрии тиббии сифатнок дастрасӣ пайдо намоянд. Илова бар ин, он ба хатмкунандагони коллеҷ имкон медиҳад, ки дар муассисаҳои тиббии давлатӣ таҷрибаи корӣ омӯхта, дар ин замина малакаи касбии худро такмил диҳанд.

Тақсимоти фардии хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ дар муассисаҳои таълимии тиббӣ воситаи муҳими ҳалли мушкилоти норасогии кадрии тиббӣ мебошад, аммо барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ, омилҳои гуногун аз қабили эҳтиёҷоти бозори меҳнат, таъғиротҳои демографӣ ва навовариҳои технологӣ бояд ба назар гирифта шаванд.

Дар маҷмӯъ, тақсимоти самараноки фардии хатмкунандагони буҷавӣ дар муассиса, дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи омилҳои гуногун, аз ҷумла эҳтиёҷоти бозори меҳнат, тағйироти демографӣ ва навовариҳои технологӣ сурат гирифт. Илова бар ин, ҳангоми таҳияи дурнамои тақсимоти фардӣ, эҳтиёҷоти минтақаҳои гуногуни кишвар ба инобат гирифта шуда, бо хатмкунанда шартномаи сеҷониба баста мешавад, ки тибқи он беморхонаҳо вазифадор карда мешаванд, мутахассисро бо ҷойи кор таъмин намоянд.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тамоми мушкилот ва имкониятҳои мавҷударо таҳлил ва баҳогузорӣ намуда, ба масоили тақсимоти фардии хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ ва таъмини бозори меҳнати дохили кишвар таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамоянд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.