Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИДОМАИ МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛӢ ДАР КАФЕДРАИ “ТАШХИСИ ЛАБОРАТОРӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» н.и.т. Ашуриён Ш.С., ва нақша-чорабиниҳои аз ҷониби  шуъбаи таълим дар мувофиқа бо шуъбаи корҳои амалӣ тасдиқгардида, дар кафедраҳои тахассуси машғулиятҳои амали, мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои актуалии соҳаи тандурустӣ ба роҳ монда шудааст.

 Баҳри  баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи амалии донишҷуён бо истифода аз усулҳо ва таҷҳизотҳои муосири таълимӣ дар кафедраи “Ташхиси лабораторӣ” машғулиятҳои амалӣ доир гардида истодаанд.

Санаи 27.04.2023 сол дар кафедраи “Ташхиси лабораторӣ” ки дар базаи МД Пажӯҳишгоҳи профилактики тибии Тоҷикистон  ҷойгир аст, бо роҳбарии омӯзгорони кафедра Муборакқадамова Р. дар гурӯҳи 201 – и факултети “Корҳои тибби ташхисӣ”  Кенҷаева Р. дар гуруҳҳои 202 – и факултети “Корҳои тибби  ташхисӣ” машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуд.  Машғулиятҳои мазкур бо донишҷӯёне гузаронида шуд, ки баъди хатми коллеҷ дорои ихтисоси таҳлилгар (лаборант) мегарданд ва барои фаъолияти минбаъдаашон аз рӯи тахассус хеле муфид мебошад. Донишҷӯён низ ин нуктаро дуруст дарк карда, дар рафти машғулиятҳои амалӣ  хеле фаъол буданд. Дар маҷмӯъ иҷроиши малакаҳои  амалии донишҷуён дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.