Хабарҳо ОЗМУНИ “ДАНДОНСОЗИ БЕҲТАРИН” ДАР КАФЕДРАИ “КОРИ ДАНДОНСОЗӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 27, 2023 0 Санаи 26-уми апрели соли 2023 тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида озмуни “Дандонсози беҳтарин” дар кафедраи “Кори дандонсозӣ” байни донишҷӯёни курси 3-юми факултети “Кори дандонсозӣ” баргузор гардид . Дар озмун ба ҳайси комиссия иштирок доштанд: декани факултет Аҳмадзода М.А мудири кафедра Абдулҳақов Ҳ.А ва омӯзгорони таҷрибадори кафедра. Дар озмун донишҷӯён аз руйи фанхои тахассуси байни ҳам рақобат намуданд. Тибқи шартҳои озмун дар санҷиши аввал ба донишҷӯён ба миқдори 20 саволи тестӣ пешниход карда шуд. Дар санҷиши дуюми озмун ба донишҷӯён аъзоёни камиссия ба таври шифоҳӣ саволу чавоб намуданд. Шарти сеюми озмун санҷиш ва баҳогузории корҳои иҷронамудаи донишҷӯён дар амалия буд. Донишҷӯён муввофиқи ин шартҳо байни ҳам рақобат намуда аз байнашон 4 нафар беҳтаринҳо интихоб гардид. Лозим ба ёдоварист, ки бо кӯшиш ва ташабусҳои бевоситаи роҳбари муаассиса шароит фароҳам оварда шудааст барои донишазхудкунии донишҷӯён, ки онҳо метавонанд ҳангоми машғулиятҳо ва бурун аз он истифода намоянд. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан