Хабарҳо ИДОМАИ СИЛСИЛАВОХӮРИҲО БО НАМОЯНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТИББИИ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАҲРИ БАСТАНИ СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ Бо admin Охирин навсозӣ Apr 27, 2023 0 Дар замони муосир густариши пешрафти илм ва техника бе ҳамкориҳои байналмиллалӣ ғайри қобили тасаввур аст, зеро дар ҳолати мавҷуд будани таҷрибаи муваффақ, истифода кардан аз он оқилона мебошад. Дар робита бо ин роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” муддатест, ки бо муассисаҳои таълимии миёнаи касбии бурунмарзӣ, ки ба омодасозии мутахассисони соҳаи тиб машғуланд, ҳамкориҳои дуҷониба барпо менамоянд. Ҳамин тариқ санаи 27 апрели соли 2023 бо ташаббуси директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо як қатор директорони коллеҷ ва техникумҳои тиббии Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрӣ баргузор гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон директори “Техникуми тандурустии ҷамъиятии Деҳнав ба номи Абӯалӣ ибни Сино”-и шаҳри Деҳнав – Қосимов Х.Ш. ва директори “Техникуми тандурустии ҷамъиятии Термиз ба номи Абӯалӣ ибни Сино”-и шаҳри Термиз – Файзиев Я.Я.М. ҳузур доштанд. Лозим ба ёдоварист, ки тули моҳи сипаригашта миёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Узбекистон, як чанд созишномаи ҳамкорӣ баста шуда буд, ки тариқи расонаҳои хабарии коллеҷ оид ба онҳо иттилоъ дода будем. Дар оғози вохӯрӣ, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ н.и.т. Муминзода Ҷ.С. ва муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А.Д. меҳмонони олиқадрро пазируфта, бо ҳамроҳии онҳо аз марказҳои омӯзиши малакаҳои амалӣ, маркази тестӣ, китобхонаи муассиса ва як чанд кафедраҳои таълимӣ дидан намуда, ба меҳмонон оид ба дастовардҳо ва иқтидори таълимии Муассиса, инчунин оид ба бинои дармонгоҳ, ки сохтмонаш дар шафати бинои асосии Муассиса идома дорад, иттилои муфассал доданд. Сипас дар толори маҷлисӣ меҳмононро директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода пазируфта, ҷанбаҳои асосии ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо масоили мухталифи ҳамкориҳои байналмиллалиро баррасӣ намуда, ба хулосае омаданд, ки баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва баҳри табодули таҷрибаи таълимию илмӣ ва методӣ созишнома баста, тибқи он ҳамкориҳои судманди бисёрҷонибаро ба роҳ монанд. Дар ниҳоят, созишномаҳои ҳамкорӣ баста шуд, ки тибқи он минбаъд ҷонибҳо ҳамчун шарикони баробарҳуқуқ, дар асоси қонунгузорӣ ва оинномаҳои худ ҳамкорӣ хоҳанд намуд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҳозиринро бо бастани созишномаҳои ҳамкорӣ табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки ин созишномаҳо дар рушди раванди таълиму тарбия ва илми ҳарду ҷонибҳо нақши бузург хоҳанд бозид ва бори дигар онҳоро хайрамақдам гуфта, аз эшон барои иштироки донишҷӯёнашон дар спартакиада ва олимпиадаҳои Коллеҷ даъват ба амал оварданд. Меҳмонон пешниҳоди роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”-ро пазируфтанд ва дар навбати худ роҳбарияти Коллеҷро барои дидан намудан аз муассисаҳои таълимии худ ва осорҳои таърихию шаҳрҳои бостонӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон даъват намуданд. Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ баҳри ташаккул ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба бо муассисаҳои таълимии давлатҳои минтақа ва ҷаҳон корҳои муайяне ба анҷом расонида дар ин масир, ҳамқадам бо замон, таҷрибаи давлатҳои муваффақро дар раванди кору фаъолияти хеш татбиқ намоянд. Пеш 1 то 23 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан