Хабарҳо ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ МУАССИСА ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ “САД РАНГИ ЧАКАН” Бо admin Охирин навсозӣ May 4, 2023 0 Санаи 03.05.2023с дар “Майдони 800 солагии Москва” – и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, баҳри баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзандӯзиву гӯлдӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани тоқиву ҷуздонҳо ва дигар намуди чеварӣ даври шаҳрии Фестивали “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода 50 нафар донишҷӯдухтарони Муассиса фаъолона иштирок намуданд. Боиси хурсандист, ки ин навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, бонувону занони фаъоли пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки мақсади асосии баргузории фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар фароҷоми чорабинӣ иштирокчиён, аз он ҷумла Директори Муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо ифтихорнома ва туҳфаи таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, дар фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин дар иҷрои ҳунармандон, ки ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд, пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан