Хабарҳо МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ СОЗМОНИ ЮНИСЕФ: БАРРАСӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ҲИФЗИ МОДАР ВА ТИФЛ” ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ May 5, 2023 0 Омӯзиши мавзӯи ҳифзи модар ва кӯдак дар ҷаҳони муосир хеле муҳим арзёбӣ мешавад, зеро бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас дар соҳаи тиб ва беҳтар шудани шароити зиндагӣ, фавти модарон ва навзодон дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон баланд боқӣ мемонад. Ҷорӣ намудани барномаҳои ҳифзи модару кӯдак дар коллеҷи тиббӣ як қадами муҳим дар мубориза бо ин мушкилот мебошад. Омузонидани мутахассисони соҳаи тиб дар ташхиси барвақт ва табобати бемориҳои навзод, инчунин беҳтар намудани сифати нигоҳубини модарон дар давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд метавонад фавти модарон ва навзодонро хеле коҳиш диҳад. Модару кӯдаки солим асоси ҷомеаи солим мебошанд ва аз ин рӯ, ҷорӣ намудани чунин барномаҳо дар рушди соҳаи тиб ва умуман ҷомеа як қадами муҳим аст. МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар тайёр кардани мутахассисони миёнаи соҳаи тиб нақши муҳим дорад ва аз ин рӯ, ворид намудани барномаҳои ҳифзи модару кӯдак ба барномаи таълимии коллеҷ муҳим аст. Ҷорӣ намудани барномаҳои ҳифзи модару кӯдак дар коллеҷ ба беҳтар шудани сифати таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи тиб мусоидат мекунад. Таҷдиди назар ба нақшаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани мавзӯъҳои нав оид ба неонатология барои кормандони тиб, ки қобилияти нигоҳубини модарон ва кӯдакони навзодро доранд, таълими хубтар хоҳад дод. Ҳамин тариқ, ҷорӣ намудани барномаҳои ҳифзи модару кӯдак дар коллеҷ дар роҳи мубориза бо мушкилоти зиёди фавти модару навзод, инчунин дар рушди соҳаи тиб ва ҷомеа як қадами ниҳоят муҳим мебошад. Дар робита бо гуфтаҳои боло бо ташаббуси роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, санаи 5 майи соли 2023 вохурии роҳбарияти муассиса бо намояндаи созмони ЮНИСЕФ Шаҳло Шакарова баргузор гардид, ки муаррифгари лоиҳаи ҳифзи модар ва кӯдак буд. Меҳмони олиқадрро муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. ва муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ н.и.т. Муминзода Ҷ.С. пазируфта, пеш аз ҳама оид ба иқтидори таълимии муассиса ба меҳмон маълумоти муфассал дода, аз маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ боздид намуданд. Баъдан ҷонибҳо сари мизи музокирот нишаста, ба муҳокимаи барномаҳои омодасозии кадрҳои миёнаи тиббӣ, алалхусус ҳамшираҳои шафқат ва момодояҳо шурӯъ намуданд. Дар рафти мубоҳиса ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки гурӯҳи техникӣ ташкил карда, баҳри ҷори сохтани мавзӯъҳои нав оид ба неонотология нақша ва барномаҳои таълимии ҷойдошта аз нав дида баромада шаванд. Шаҳло Шакарова дар чаҳорчӯби баррасии барномаҳои ҳифзи модару кӯдак ҳамчунин бар аҳамияти омӯзиши кормандони тиб дар заминаи ташхиси барвақт ва табобати бемориҳои навзод таъкид кард. Вай қайд кард, ки дар ин самт усулу технологияҳои нав зиёданд, ки метавонанд ба наҷоти ҳаёти кӯдакони зиёд мусоидат кунанд. Муовинони директор ба ин андеша розӣ шуда, таъкид намуданд, ки дар коллеҷи тиббӣ аллакай барномаҳои таълимии кормандони соҳаи тиб оид ба ташхиси бармаҳал ва табобати бемориҳои навзодон амалӣ карда мешаванд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо табодули афкор намуда, оид ба ҳамкориҳои минбаъда ба мувофиқа расиданд. Шаҳло Шакарова изҳори умедворӣ кард, ки кори муштарак боиси беҳбуди сифати таълим дар коллеҷи тиббӣ шуда, барои наҷоти ҷони модарону кӯдакони зиёд мусоидат хоҳад кард. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан