Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАСТГИРИИ ДОНИШҶӮЁНИ БОЛАЁҚАТ – ИШТИРОКЧИЁНИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ВА ТАХАССУСӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Иштироки донишҷӯёни муассиса дар олимпиадаҳои тахассусӣ ва фаннӣ як чорабинии мубрам ва муҳим барои рушди малакаҳои амалӣ ва касбии онҳо дар соҳаи тиб мебошад. Олимпиада ба донишҷӯён имкони беназир фароҳам меорад, ки истеъдод ва маҳорати худро дар соҳаҳои гуногуни тиб нишон дода, таҷриба ва дониши пурарзиш пайдо намоянд.

Ҳамзамон олимпиада ба донишҷӯён кӯмак мекунад, ки ҷаҳонбинии онҳоро васеъ карда дар бораи технология ва усулҳои нав дар соҳаи тиб бештар маълумот гиранд. Он инчунин ба онҳо барои такмил додани малака ва дониши худ дар соҳаҳои гуногуни тиб кӯмак карда, барои касби ояндаи онҳо муфид хоҳад буд.

Олимпиада инчунин ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки қобилияти роҳбарӣ ва кори дастаҷамъонаи худро нишон диҳанд. Иштирок дар олимпиада метавонад ба донишҷӯён дар инкишоф додани малакаҳои муоширати онҳо ва такмил додани қобилияти кор дар як даста кӯмак расонад.

Чун гузариши олимпиадаҳои тахассусӣ ва фаннӣ дар ояндаи наздик дар назар аст, санаи 5 майи соли 2023 бо дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, вохӯрии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. ва муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ н.и.т. Муминзода Ҷ.С. бо иштирокчиёни олимпиадаҳои тахассусӣ ва фаннӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни вобаста ба олимпиада баррасӣ гардида, бо иштирокчиён сӯҳбати озоду ошкоро гузаронида шуд.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар маҷлис муҳокима шуд, дастгирии иштирокчиёни олимпиада буд. Муовинони директор моҳияти дастгирии донишҷӯёни болаёқатро таъкид намуда, омодагии роҳбари муассиса ва худро барои расонидани ҳама гуна кумаку дастгирии иштирокчиёни олимпиада изҳор намуданд.

Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки то ҳадди имкон диққати худро ба омодагӣ ба олимпиада ҷалб намоянд ва ҳатто дар сурати ҷой доштани зарурат, ҳангоми давраи тайёрӣ аз машғулиятҳо озод кардани иштироккунандагон низ мухокима карда шуд. Ғайр аз ин, барои ҳавасмандгардонии иштирокчиён барои ишғоли ҷойҳои намоён масъалаи мукофотҳо ба ғолибони олимпиада низ муҳокима  карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. ба иштирокчиёни олимпиада барои саъю кушиш изҳори сипос намуда, ба онҳо дар омодагӣ ва иштирок дар олимпиада барору комёбиҳо таманно намуданд. Инчунин таъқид карда шуд, ки Роҳбарияти муассиса, алалхусус директори муассиса муҳтарам Шаҳло Сайфуллозода ҳамеша омода мебошанд, то ба донишҷӯёни боистеъдод, ки барои муваффақ шудан дар фаъолияти касбии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ҳама гуна кумаку дастгирии заруриро расонад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.