ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МОМОДОЯИ БЕҲТАРИН”-И СОЛИ 2023: ДАСТОВАРД ДАР СОҲА
Омодасозии момодояҳо омили муҳими расондани ёрии босифати тиббӣ ба занони ҳомила ва навзодон мебошад. Момодояҳо бояд сатҳи баланди дониш ва малакаи беҳтарини ҳалли мушкилоти тиббии марбут ба ҳомиладорӣ ва таваллудро дошта бошанд. Омодасозии момодояҳои баландтахассус, инчунин омили муҳими пешгирии оризаҳо ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд мебошад. Мутахассисони соҳаи мазкур бояд донишу малакаи худро пайваста такмил диҳанд, то аз навтарин дастовардҳои илм ва технологияи ин соҳа бохабар бошанд. Тайёр намудани кадрҳои мазкур омили муҳими беҳтарсозии солимии модару кӯдак буда, дар маҷмӯъ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳаи тандурустӣ мебошад.
Барои муайянсозӣ ва эътирофи беҳтарин мутахассиси соҳавӣ, ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ озмуни “Момодояи беҳтарин” гузаронида мешавад, ки ғолибони он барои дигар мутахассисони соҳа намуна мешаванд. Дар баробари ин, озмуни мазкур ба баланд шудани маҳорати касбии иштирокчиён мусоидат карда, тамоми момодяҳои ҷумҳуриро водор месозад, ки барои рақобати шадид бо ҳамкасбони худ аз ҳар гушаву канори кишвар омодагии хуб дида, ҳангоми қувваозмоӣ хислатҳои беҳтарини худро нишон дода, малакаҳои амалиро дар сатҳи олӣ иҷро намоянд. Инчунин мусобиқа имкон медиҳад, ки мушкилотҳои кори момодоягӣ ошкор шуда, роҳи ҳалли он муҳокима карда шаванд.
Дар робита бо гуфтаҳои боло санаи 5 майи соли 2023, дар толори боҳашамати бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии лоиҳаи USAID “Модари солим, кӯдаки солим” даври ҷумҳуриявии озмуни “Момодояи беҳтарин дар соли 2023” гузаронида шуд. Даври аввали озмун 6 март тариқи маҷозӣ (онлайн) бо иштироки 450 нафар момодояҳо аз 52 муассисаҳои ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гашт. Ба даври дуюм танҳо 38 муассиса роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоӣ танҳо 36 нафар момодоя роҳ ёфта, барои дарёфти ҷоизаи “Момодояи беҳтарин” қувваозмоӣ намуданд.
Роҳбарият ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” низ дар ин озмун ширкарт варзиданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар омодасозии мутахассисони соҳаи мазкур саҳми МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аввалиндараҷа ба шумор меравад ва аз ин лиҳоз ба роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар баробари дигар шахсиятҳои олимартаба, дар ин озмун мақоми фахрии аъзои ҳакамон дода шуд.
Дар оғози озмун сухан ба директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дода шуд. Роҳбари муассиса ба ҳамаи иштирокчиён барои гузоштани саҳм дар рушди соҳаи момодоягӣ изҳори сипос баён намуда, дар ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ барору комёбӣ таманно намуданд. Инчунин зимни баромади худ, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода пешниҳод доштанд, ки ғолибони озмун бо ҷоизаҳои соҳавӣ, аз қабили ифтихорномаҳои соҳаи тандурустӣ ва аълочии соҳаи тандурустӣ қадрдонӣ карда шаванд, зеро ин ба ҳавасмандгардонии мутахассисон ба рушди маҳорати касбии минбаъда мусоидат хоҳад намуд. Ҳамчунин зимни суханронӣ роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дурнамои рушди соҳаи момодоягиро муҳокима намуда, қайд карданд, ки сифати таълиму тарбияи момодояҳо беҳтар гашта, дар ин масир дараҷаи нигоҳубин ва табобати навзодон ва занони ҳомила низ беҳтар гаштааст.
Сипас ба озмун ҳусни оғоз бахшида шуд, ки он дар рӯҳияи рақобати оқилона сурат гирифт. Момодояҳо аз ҳар гушаву канори кишвар маҳорати худро нишон дода, баҳогузории ҳакамон шаффоф буд. Дар натиҷаи мусобиқаи пуршиддат ғолибон муайян карда шуда, дар фазои тантанавӣ ҷоизаи беҳтарин момодоя ба ғолибон супурда шуд. Сазовори ҷойи сеюм момодояҳои шаҳри Истаравшан, ҷойҳои дуюм момодояҳо аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карими шаҳри Душанбе ва момодояҳо аз ноҳияи Ҷайҳун ва ниҳоят ҷойи аввалро момодояҳо аз МД “Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовор гаштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои тамошобинону иштирокчиён чорабинии фарҳангӣ, бо рақсу таронахониҳои миллӣ намоиш дода шуд, ки табъу руҳи ҳозирин болида гашта, фазои идона ба вуҷуд овард. Ҳамин тавр озмуни ҷумҳуриявии “Момодояи беҳтарин дар соли 2023” ба фарҷом расид, ки як ҳаводиси муҳими нишондиҳандаи мавҷудияти мутахассисони соҳибистеъдод ва фидокор дар ҷумҳурӣ буд.