Хабарҳо ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ МУАССИСА ДАР ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ “САД РАНГИ ЧАКАН” Бо admin Охирин навсозӣ May 8, 2023 0 Санаи 06.05.2023с. дар Муассисаи давлатии фарҳангии “Амфитеатр”-и шаҳри Душанбе, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ ва тарғиби либоси миллӣ Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор гардид. Тибқи дастури директори Муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода 150 нафар донишҷӯдухтарони Муассиса дар ин чорабинии бошукӯҳ фаъолона иштирок намуданд. Дар роҳравҳо ҳар тарроҳу чевари гӯшаву канори мамлакат ҳунари худро барои тамошобинон ба намоиш гузошта шуда буданд. Дар фароҷоми чорабинӣ ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” барои таъмин ва иштироки фаъолонаи донишҷӯдухтарон “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан