Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОЛИМПИАДА ОИД БА ФАНҲОИ ТАХАССУСӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”: РАҚОБАТИ БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББИИ ҶУМҲУРӢ

Олимпиадаҳои тахассусӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки малакаҳои амалию назариявиро худро нишон дода, ҳамзамон таҷрибаи гаронбаҳо андӯхта, ба касби ояндаи худ дар соҳаи тиб омодагӣ бинанд. Чунин озмунҳо барои дарёфти донишҷӯёне, ки дар оянда мутахассисони беҳтарини соҳаи худ мегарданд, кӯмак мерасонанд. Ҳамчунин ғолибони ин озмунҳо намунаи ибрат барои дигар муҳассилин гашта, метавонанд онҳоро барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд ҳавасманд гардонанд. Илова бар ин, баргузории олимпиадаҳои тахассусӣ дар муассисаи таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва дараҷаи тахассуснокии донишҷӯён мусоидат мекунад. Онҳо метавонанд фикру мулоҳизаҳои мутахассисони ботаҷрибаро ба худ гирифта, бифаҳманд, ки дар кадом соҳаҳо донишу малакаи худро такмил диҳанд.

Инчунин, баргузории олимпиадаҳои тахассусӣ метавонад таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба соҳаи тиб ва аҳамияти он барои саломатии миллат ҷалб намуда, ҳамзамон ба афзоиши таваҷҷӯҳ ба таҳсилоти тиббӣ ва ҷалби донишҷӯёни боистеъдод ба ин соҳа мусоидат кунад.

Дар маҷмӯъ, олимпиадаи тахассусӣ чорабинии муҳимест, ки сифати таълиму тарбияи мутахассисони ояндаи соҳаи тибро беҳтар намуда, метавонад як ангезаи рушди илм ва технологияи тиббӣ шуда, ки дар навбати худ боиси беҳбуди саломатии миллат ва беҳтаршавии сифати ҳаёт гардад.

Дар робита бо гуфтаҳои боло, санаи 10 майи соли 2023, дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ибтикори роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ оид ба фанҳои тахассусӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, “Рӯзи ҷавонон”, “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамшираҳои шафқат” ва “Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ” баргузор гашт.

Дар ин озмун аз 22 коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ зиёда аз 150 донишҷӯ ширкат варзида, қувваозмоӣ намуданд. Раисии ҳайати комиссияи озмунро сардори  Раёсати  таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор ва аъзои ҳакамонро роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ба ӯҳда доштанд. Дар озмун аз рӯи панҷ ихтисос – кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори фарматсевтӣ, кори табобатӣ ва кори дандонсозӣ донишҷӯён ширкат варзиданд.

Дар оғоз, пас аз бақайдгирии иштирокчиён, Раиси комиссияи озмун, муҳтарам Юсуфӣ С.Ҷ. ба ҳозирин тартиб ва қоидаҳои супоридани санҷишҳои тестиро шарҳ дода оид ба вақт ва шакли санҷиши натиҷаҳо суханронӣ намуданд. Сипас сухан ба мизбони чорабинӣ, директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дода шуд. Роҳбари муассиса ҳозиринро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам намуда, ба ҳозирин барои ноил гаштан ба натиҷаҳои беҳтарин ва гирифтани ҷойҳои намоён барору комёбиҳо таманно намуданд. Ҳамчунин барои боз ҳам шаффофтар намудани ҷараёни санҷиши натиҷаҳо пешниҳод карда шуд, ки аз ҳисоби ҳар як муассиса омӯзгорон ба ҳайси назоратчӣ пешниҳод карда шаванд ва ин пешниҳод аз ҷониби раёсат ва ҳайати ҳакамон дастгирии худро ёфт.

Сипас марҳилаи асосии олимпиада, яъне санҷиши дониши донишҷӯён ҷараён гирифт, ки он тариқи пур кардани саволномаҳои тестии пушида ва кушода сурат гирифт. Саволҳо дорои мураккабии гуногун буда, ҳамаи ҷанбаҳои ихтисоси ҳар як донишҷӯро дар бар мегирифтанд. Масалан, аз донишҷӯёни самти кори ҳамширагӣ талаб карда мешуд, ки малакаҳои асосии нигоҳубини беморони гирифтори бемориҳои гуногунро тариқи хаттӣ дарҷ намоянд, ё донишҷӯёни ихтисоси кори дандонсозӣ бояд қоидаҳои асосии сохтани дандонҳоро дарҷ менамуданд.

Дар ҷамъ олимпиада дар як фазои хуби рақобати оқилона баргузор гашт, ки барои донишҷӯёни муассиса имконияти хубе дод, то донишу малакаи худро аз рӯи ихтисосашон нишон дода, соҳиби таҷрибаи гаронбаҳо гарданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.