ҶАМЪБАСТИ ОЛИМПИАДА ОИД БА ФАНҲОИ ТАХАССУСӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”
Санаи 10 майи соли ҷорӣ дар бинои асосии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ оид ба фанҳои тахассусӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, “Рӯзи ҷавонон”, “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамшираҳои шафқат” ва “Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ” баргузор гашт.
Баъди ҷамъбасти марҳилаи аввали олимпиада, кумитаи тадорукоти озмун ба марҳилаи дуюм, яъне қисмати баҳогузорӣ пардохт ва барои шаффофияти кор аз кафедраҳои тахассусии ҳар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони собиқадорро барои санҷиши натиҷаҳои кори иштирокчиён ҷалб намуданд. Ҳамзамон барои боз ҳам шаффоф ва одилона муайян намудани ғолибони озмун ба ҷойи ному насаби иштирокчиён дар бланкаҳои тестӣ рақамҳои махсус дода шуд, ки тариқи он раёсати комиссияи санҷишӣ ва ҳайати ҳакамон шахсияти иштирокчиро муайян месохтанд.
Баъди мубоҳиса оид ба интихоби раисони комиссияҳои назоратӣ дар ҳар як ихтисос, аз ҷониби раис ва ҳайати кумитаи тадорукоти озмун қарор қабул карда шуд, то барои ҳар як ихтисос гурӯҳи корӣ муаяйн карда, аз ҳисоби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ раиси комиссияи санҷишӣ таъин карда шавад.
Чи тавре қайд карда шуд, ба ҳайси аъзоёни комиссияҳои санҷишӣ мутахассисони ботаҷриба ҷалб гардиданд, ки варақаҳои санҷиширо аз назар гузаронида, сатҳи дониш ва фаҳмиши иштирокчиёнро аз рӯи ихтисосашон муайян намуданд. Қадами аввал дар санҷиши варақаҳои тестӣ ин тафтиш кардани дурустии варақаҳо буд. Комиссия тасдиқ мекунад, ки ҳама ҷавобҳо возеҳ ва фаҳмо навишта шудаанд ва ҳама майдонҳои зарурӣ пур карда шуда бошанд. Сипас, ҷавобҳои саволҳо тафтиш карда мешаванд. Комиссия мувофиқати дурустии ҷавобҳоро бо саволҳои додашуда тафтиш намуда, ба мазмуну муҳтавои он баҳогузорӣ менамоянд.
Кумитаи тадорукот инчунин тасдиқ мекунад, ки ҷавобҳо ба саволҳо дақиқ ва мувофиқ ба стандартҳо ва нақшаҳои таълимии ҷорӣ дар соҳаи дахлдори тиббӣ мебошанд.
Баъди ба итмом расонидани санҷиши варақаҳои тестӣ, комиссияи санҷишӣ натиҷаҳои марҳилаи якуми Олимпиадаи тахассусиро ҷамъбаст ва муайян намуданд. Иштирокчиёни озмун дар мадхали бинои асосии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ҷамъ омада, натиҷаҳо ба иштирокчиён эълон карда шуда, кумитаи тадорукот ба маросими ҷоизасупорӣ шурӯъ намуд.
Дар ин маросим ба беҳтарин иштирокчиён диплому ифтихорномаҳо, инчунин тӯҳфаҳои хотирмон ва сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Маросими супурдани ҷоизаҳо дар фазои идона ба хотири таҷлили дастовардҳои ширкаткунандагон ва нишон додани қадрдонӣ ба заҳмату талоши онҳо баргузор шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбарияти муассисаҳои таълимии миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ, омӯзгорон, донишҷӯён ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд.
Дар оғози маросим созмондиҳандагони олимпиада бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ба иштирокчиён барои иштирок дар олимпиада изҳори сипос намуданд. Сипас номи ғолибонро эълон карда, онҳоро ба саҳна барои супурдани диплому ифтихорномаҳо даъват намуданд.
Тибқи санҷиш ва баҳогузории даставӣ ҷойи аввал ба дастаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, ҷойи дуюм ба дастаи МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Ваҳдат” ва ҷойи сеюм ба дастаи МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Хуҷанд”, ҷойи чорум ба дастаҳои МДТ “Коллеҷи тиббии Кулоб” ва МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Левакант” дода шуд. Ба ғолибони ҳар як ихтисос диплому ифтихорномаҳо ва медалҳо дода шуд, ки иштирок ва дастовардҳои онҳоро дар олимпиадаи тахассусӣ тасдиқ мекунанд.
Пас аз супоридани ҷоизаҳо, раис ва аъзоёни кумитаи тадорукоти олимпиада ба ҳамаи иштирокчиён, алалхусус ба мизбони олимпиада роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода барои иштирока ва ташкилу баргузорнамоии ин чорабинии илмӣ миннатдорӣ баён намуданд.