Хабарҳо ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”: МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН ҲАМКОРИҲОРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАНД Бо admin Охирин навсозӣ May 11, 2023 0 Муносибатҳои байналмилалӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” як ҷанбаи муҳими таҳсилоти муосир ба шумор меравад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад, коллеҷҳои тиббӣ бояд дар фаъолияти худ талабот ва стандартҳои байналмилалиро ба инобат гиранд. Муносибатҳои байналмилалӣ дар коллеҷи тиббӣ ба донишҷӯён ва омӯзгорон имкон медиҳанд, ки усулҳо ва технологияҳои пешрафтаи соҳаи тибро дастрас кунанд. Ин боиси баланд шудани сифати таълим ва тайёр кардани мутахассисон мегардад, ки ба баланд шудани дараҷаи хизматрасонии тиббии кишвар мусоидат менамояд. Илова бар ин, равобити байналмилалӣ дар коллеҷи тиббӣ ба табодули таҷриба ва дониш байни донишҷӯён ва омӯзгорон аз кишварҳои гуногун ёри расонида, ба муҳассилин имкон медиҳад, ки ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, сатҳи фарҳангии худро баланд бардоранд, инчунин ҳамдигарфаҳмиро байни одамони фарҳангу миллатҳои гуногун беҳтар созад. Дар доираи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббӣ санаи 11 майи соли 2023 МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” як ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт. Меҳмонони олиқадр Амонов Кувнок Тургунович – муовини директор оид ба таълими истеҳсолии Коллеҷи тиббии Деҳқонобод ва Улашов Мухуддин Асатович – муовини директори Техникуми тиббии Мубораки Ҷумҳурии Узбекистон буданд. Лозим ба ёдоварист, ки моҳи апрели соли ҷорӣ роҳбарони муассисаҳои мазкур ба МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ташриф оварда, дар натиҷа созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Меҳмонон аз Узбекистон дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” самтҳои ҷории тиббӣ, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёриро омӯхта, инчунин ба машғулиятҳо рафта, аз таҷрибаи кории худ оид ба методикаи таълими омӯзгорони пешқадам ибрози андеша намуданд. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҷҳизоти дарсӣ ва истифодаи техника муҳокима карда шуданд. Ҷонибҳо дар ин самт мубодилаи афкор ва таҷриба намуданд. Барои идомаи ҳамкориҳо дар миқёси васеъ тасмим гирифта шуд, ки омӯзгорону донишҷӯёнро ҷалб намуда, ба коллеҷҳои тиббии Ӯзбекистон сафарбар намоянд, зеро ин амал фаҳмиши таълими тиббиро дар ҳарду кишвар амиқтар ва усулҳои беҳтарини таълимро мубодила мекунад. Чунин вохӯриҳо ва табодули таҷриба барои рушди маориф ва таълими тибӣ дар кишвар як қадами муҳим аст, зеро шароит фароҳам оварда мешавад, ки шарикӣ байни коллеҷҳои тиббии кишварҳои гуногун таҳким ёбад ва сатҳи баланди омодасозии мутахассисони соҳаи тиб таъмин карда шавад. Ҳамзамон муносибатҳои байналмилалӣ дар муассиса метавонад ба рушди тадқиқоти илмӣ ва навоварӣ дар соҳаи тиб мусоидат карда, мубодилаи таҷриба ва дониши олимону мутахассисони мамлакатҳои гуногун боиси ба вуҷуд овардани усулу технологияи нав гардад, ки сифати ёрии тиббиро баланд бардошта, ба инкишофи илми тиб мусоидат менамояд. Ҳамин тариқ, муносибатҳои байналмилалӣ дар коллеҷи тиббӣ як ҷанбаи мубрам ва муҳими таҳсилоти муосир мебошад, ки сифати таълиму тарбияи мутахассисонро баланд бардошта, ҷаҳонбинии донишҷӯёнро васеъ ва савияи мадании донишҷӯёнро баланд мегардонад. Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан