Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАТИҶАҲОИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бозиҳои футбол байни дастаҳои мунтахаби муассисаҳои таълимии миёнаи касбии ҷумҳурӣ идома доранд. Дар айни замон аллакай якчанд бозӣ барпо гардид, ки дар онҳо дастаҳои мунтахаби МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва Коллеҷи тибби ғайридавлатии ш. Бохтар, Коллеҷи тиббии ғайридавлатии н.Вахш ва МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Турсунзода”, МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Ҳисор” ва МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ” (дастаи иловагӣ) кувваозмоӣ намуданд.

Дастаи мунтахаби Коллеҷи тибби ғайридавлатии ш. Бохтар дар бозии аввал бар дастаи асосии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо хисоби 8:2 мағлуб шуданд. Бозии дуюми байни дастаҳои Коллеҷи тиббии ғайридавлатии н.Вахш ва МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Турсунзода” бо ғалабаи дастаи дуввум ба ҳисоби 4:0 анҷом ёфт. Дар бозии сеюм дастаҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Ҳисор” ва МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ” (дастаи иловагӣ) бо хам бозӣ карда, дастаи  МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Ҳисор” бо ҳисоби 4:2 ғалаба карданд.

Аз гурӯҳи А натиҷаҳо чунин аст:

1.Коллеҷи тиббии ш. Кулоб 4:7 Коллеҷи тиббии н.Данғара

2.Коллеҷи тиббии н.Ёвон 3:2 Коллеҷи тиббии ш.Истаравшан

  1. Коллеҷи тиббии н.Гулистон 4:0 Коллеҷи тиббии ғайридавлатии н.Шаҳритуз

  2. Коллеҷи тиббии ш.Хоруғ 6:1 Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ш.Турсунзода

  3. Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ш.Кулоб 2:0 Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ш.Фархор

Бозиҳои боқимонда дар пешанд ва мо натиҷаҳои онҳоро пайгирӣ хоҳем кард. Футбол на танҳо як мусобиқаи варзишӣ, балки имкониятест барои донишҷӯёни коллеҷҳои гуногуни тиббӣ барои нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солим ва барпо намудани дӯстию рафоқат.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.