Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЗОДРӮЗИ РОҲБАРИ МУАССИСА МУБОРАК!

Санаи 12 май роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷашни зодрӯз доранд.

Мӯҳтарама Шаҳло Сайфуллозода!

Имрӯз коллективи бисёрҳазоранафараи донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони Муассиса Шуморо бо рӯзи таваллудатон аз самими қалб муборакбод мегӯянд!

Шумо дар пешрафти муассисаи таълимии мо саҳми калон ва арзанда гузошта истодаед. Фурсатест, ки мехоҳем баъзе аз дастовардҳои шуморо эътироф намоем. Ба шарофати кордонӣ ва меҳнатдӯстии Шумо коллеҷи мо ба яке аз беҳтарин коллеҷҳои тиббӣ ва дар ҷамъ ба яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ дар кишвар табдил ёфтааст. Шумо ҳамчун роҳбар ҳамеша ба фикру мулоҳиза ва таклифҳои тамоми кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба беҳтарсозии раванди таълиму тарбия гуш дода, дар асоси он қарорҳои дуруст, дурандешона ва оқилона қабул меанамоед.

Инчунин мехостем ғамхориҳои шумо дар ҳаққи омӯзгорону донишҷӯёнро қайд намоем. Давоми як соли сипаригашта мо ҳамагон шоҳиди ҳама он хайрхоҳӣ ва инсондӯстии шумо гаштем, ки чандин маротиба дасти мадад ба ятимону бепарасторон ва кормандони ниёзманд дароз намудаед. Шумо ҳамеша омода будед ва ҳастед, ки дар ҳама кор ба донишҷӯёну омӯзгорон кумак расонед ва таваҷҷуҳи шумо ба ниёзу хоҳишҳои мо касеро бетараф намегузорад.

Аз номи кулли омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён Муассиса ба Шумо саломатии бардавом, сарбаландӣ, файзу баракати оилавӣ ва хушбахтии бузурги инсониро таманно дорем! Умедворем, ки шумо фаъолияти худро дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” солҳои зиёд идома медиҳед ва ба мо барои ноил шудан ба комёбиҳои боз ҳам бештар кумак хоҳед кард. Ташаккур ба шумо мӯҳтарама Шаҳло Сайфуллозода, ки роҳнамо ва намунаи ибрат барои мо ҳастед!

Бо камоли эҳтиром, аҳли раёсати муассиса!!

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.