Хабарҳо ВОХУРИИ НАМОЯНДАГОНИ РАЁСАТИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ДОНИШҶӮЁН ДАР МАВЗӮИ «ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, ПАЁМ, ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ» Бо admin Охирин навсозӣ Май 15, 2023 0 Санаи 15.05.2023с. дар доираи нақшаи чорабиниҳои сиёсию байналмилалӣ, фарҳангию маърифатӣ ва варзишӣ, дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба «23 май — Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон», нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва дастури бевоситаи директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода вохурии судманд бо намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Муассиса баргузор гардид. Дар вохурӣ Ҳамрози Ҳамза — муовини Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раҳмонов Расул — намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Ҳасанова Зулфия — раиси Шӯрои занон ва духтарони Муассиса, Шаҳроми Зайниддин — Сардори Шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони Муассиса ва Саидов Абдуҳанон — Роҳбари ҷавонони «Авангард»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бобати мавзӯъҳои расонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худкушиву худсӯзӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ, авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияи замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбатҳо оростанд. Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур, ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва ватандӯстии ҷавонон ба шумор меравад. Зимни вохурӣ Раиси Шӯрои занон ва духтарони Муассиса, Ҳасанова Зулфия баромад намуда, табрикоти директори Муассиса н.и.т Ашуриён Ш. С. вобаста ба «Рӯзи байналмилалии оила» ба саҳми ҳозирин расониданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба якчанд ҷавонони коллеҷ Сипоснома тақдим карда шуд. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан