Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАСТОВАРДҲОИ КАФЕДРАИ «КОРИ ДАНДОНСОЗӢ»-И МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ» ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023

Соли таҳсили 2022-2023 барои кафедраи “Кори дандонсозӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва дар ҷамъ барои Муассиса як соли файзбор ва хотирмон боқӣ хоҳад монд. Тули ҳафтаи сипаригашта тариқи расонаҳои хабарии шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба дастовардҳои Муассиса дар чорабиниҳои илмии гуногун пахш гардиданд.

Дар баробари тамоми дастовардҳо, бо дастгирии бевоситаи директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи “Кори дандонсозӣ” низ дар ин озмунҳо саҳми  калон гузошта соҳиби ҷойҳои намоён ва дар ин масир обуру ва шаъни муассисаро дар миқёси ҷумҳурӣ баланд бардошта, муаррифгари мо гаштанд.

Олимпидаи фанҳои тахассусӣ, ки санаи 10 майи соли 2023 дар Муассиса баргузор шуд, дар баробари дигар кафедраҳои муваффақ кафедраи «Кори дандонсозӣ» низ ширкат варзид. 3 нафар донишҷӯёни фаъол, ки аз ихтисоси кори дандонсозӣ иштирок намуданд, сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардиданд. Инҳо донишҷӯёни бахши сеюм Атҳамов Шаҳзод  гурӯҳи 302 ҷои якум, Холиқов Шараф гурӯҳи 303 ҷои дуюм ва донишҷӯи бахши дуюм Воҳидова Мавлуда ҷои сеюмро дар озмун ишғол намуданд.

Инчунин санаи 12 майи соли ҷорӣ  бо роҳбарии мудири кафедраи “Кори дандонсозӣ Абдулҳақов Ҳ.А ва омӯзгори кафедра Султонова А. донишҷӯи бахши якуми факултети “Кори дандонсозӣ” Раҷабзода Тоҳир  намунаи макети бинои асосии Коллеҷро сохта, дар ҳузури сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва як қатор роҳбарони коллеҷҳои тиббии кишвар ба роҳбарият ва аҳли коллективи муассиса пешкаши намуданд. Ин туҳфа зз ҷониби роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва дигар иштирокчиёни  ҳамоиш баҳои баланд гирифта, бо дастури роҳбар дар осорхонаи муассиса нигоҳ дошта мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми соли таҳсил даҳҳо мақолаҳои омӯзгорони кафедра дар нашрияҳои муассиса ва ҷумҳурӣ ба чоп расиданд. Ҳамзамон бо роҳбарии мудири кафедра Абдулҳақов Ҳ.А китоби нави тахассусӣ аз фанни «Техникаи сохтани протезҳои ғайримуқимӣ” ба шӯрои олимони коллеҷ пешкаш гардид, ки он бо гирифтани баҳои баланд барои чоп равона гашта, дар соли нави таҳсил дастраси донишҷӯён мегардад.

Минбаъд низ омӯзгорони кафедраи “Кори дандонсозӣ” кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани  обуруву эътибор ва нуфузи Муассиса дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он саҳми арзандаи худро гузоранд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.