Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ БАҲРИ БЕҲТАР СОХТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Муносибатҳои байналмиллалӣ ҷанбаи муҳими рушди ҳар як муассисаи таълимӣ, аз ҷумла МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба шумор мераванд. Ҳамкорӣ бо дигар созмонҳо имкон медиҳад, ки доираи ҷаҳонбинӣ васеъ ва донишу таҷрибаи нав ба даст оварда шавад, ки ин дар навбати худ сатҳу сифати таълимро беҳтар месозад. Илова бар ин, барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмиллалӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки ба технология ва усулҳои навтарини таълим дастрасӣ пайдо кунанд ва ин ҳам ба беҳтар шудани сифати таълим мусоидат мекунад.

Санаи 17 майи соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ташаббуси роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо Сиди Усмон Ди — роҳбари созмони Физиотерапевтони Ҷаҳонӣ ва як зумра намояндагони ташкилоти мазкур вохӯрӣ гузаронида шуд. Зимни вохӯрӣ нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ва роҳҳои беҳтар сохтани раванди таълиму тарбия дар ихтисоси физиотерапевтӣ баррасӣ карда шуданд.

Ҷонибҳо доир ба ин масъала андешаҳои худро баён намуда, имкониятҳои кори муштаракро баррасӣ намуданд. Намояндагони созмони физиотерапевтҳои ҷаҳон омодагии худро барои ҳамкорӣ изҳор намуда, аҳамияти рушди ин самти таълимро дар тиб таъқид намуданд. Роҳбарияти коллеҷ барои пешниҳодҳо изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ изҳор намуданд.

Зимни мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳо баён гардида, тадбирҳои мушаххас оид ба татбиқи он муайян карда шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои табодули таҷриба ва дониш ва имкони баргузории чорабиниҳои муштаракро баррасӣ карданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда гузашт, ки ҷонибҳо имкон доштанд ҳамдигарфаҳмӣ пайдо намуда, нақшаҳои ояндаро муайян кунанд. Ҳарду ҷониб ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва беҳбуди сифати таълим дар ин самт изҳори умедворӣ карданд.

Ҳамин тариқ, мулоқоти намояндагони созмони физиотерапевтҳои ҷаҳон бо роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” муваффақ буда, имкон дод, ки нақшаҳои оянда оид ба баланд бардоштани сифати таълим ва рушди ҳамкориҳо дар ин самти омодасозии мутахассисони баландихтисосс соҳаи тиб муайян карда шаванд. Муносибатҳои байналмилалӣ ҷанбаи муҳими рушди муассисаи таълимии мо буда, роҳбарияти муассиса дар таҳкими он талош меварзанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.