Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БОЗДИДИ ҲАЙАТИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АЗ ДАРМОНГОҲИ ШАҲРИ ДУБАЙ: ТЕХНОЛОГИЯ ВА УСУЛҲОИ НАВИ ТАБОБАТ

Санаи 2 июни соли ҷорӣ ҳайати кории МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” таҳти роҳбарии директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар доираи барномаи кории “Конгресси физиотерапевтони ҷаҳон 2023” яке аз пойгоҳҳои клиникии намунавии шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабро дидан намуданд.  Зимни ташриф имконияти шинос шудан бо технологияҳо ва усулҳои нави табобат пайдо гардид.

Хотиррасон мешавем, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб аз 1 то 8 июни соли ҷорӣ “Конгресси байналмиллалии физиотерапевтони ҷаҳон 2023” мегузарад ва дар он мутахассисони соҳавӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимии миёнаи касбии тиббӣ аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла ҳайати кормандон ва роҳбарияти Муассисаи мо низ ширкат меварзанд. Муаррифгари ҳайати ҷумҳурии мо сардори раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор, директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва як зумра кормандони собиқадори соҳавӣ буданд, ки баҳри иштирок дар ин конгресс сафари корӣ доштанд.

Дар доираи барномаи конфронс баҳри табодули таҷриба ва таҷдиди назар ба ташкили раванди таълиму табобат дар муассисаҳои таълимии тиббӣ, боздиди пойгоҳи клиникӣ гузаронида шуд. Ҳайтаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” низ дар ин экскурсия фаъолона ширкат варзиданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” низ баҳри беҳтарсозии раванди гузариши таҷрибаомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои амалии донишҷӯён, фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ дар беморхонаҳо ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар шафати Коллеҷ бинои дармонгоҳ сохта шуда истодааст, ки он маҳз барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Муассиса равона мегардад.

Зимни боздид аз пойгоҳи клиникӣ, ҳайати кории МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ҳамкасбони худ аз Аморати Муттаҳидаи Араб табодули афкор намуда, оид ба беҳтарсозии раванди касбомӯзӣ ва таҳқими малакаҳои амалии донишҷӯён дар пойгоҳҳои клиникӣ ибрози андеша намуданд.

Дармонгоҳи мазкур як маркази тиббии замонавӣ буда, бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардидааст. Умуман, ташриф овардан ба ин дармонгоҳи клиникии шаҳри Дубай барои ҳайати кории мо хеле муфид буд. Зеро донишу таҷрибаи нав гирифта шуд ва онро метавон дар амалияи худ татбиқ намуда, бо дигар мутахассисони соҳаи мазкури ҷаҳонӣ алоқа барқарор карда шавад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.