Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПОКИЗАГӢ – ШИОРИ МОСТ!

Санаи 3 июни соли 2023 бо мақсади тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрдории донишҷуён, ободу зебо ва тозаву озода гардонидани кӯчаву хиёбон, боғҳо ва соҳили кулу дарёҳои пойтахт бо дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, мактуби Вазорати маориф ва илм ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шанбегӣ, бо ҷалби раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён тавассути корҳои дастаҷамъӣ шанбегӣ таҳти унвони аксияи “Тозагии соҳил ва боғҳои фароғатӣ” гузаронида шуд.

Тибқи нақша кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён дар ҳайати 150 нафар таҳти роҳбарии муовинони директор ба минтақаи ҷудошуда, яъне ба боғи фарҳангӣ-фароғатии “Кули ҷавонон” сафарбар шуда, партовҳои маишии истироҳаткунандагонро ҷамъоварӣ намуданд.

Донишҷӯён дар ин иқдом бо камоли майл иштирок намуданд, зеро покиза сохтани макони зисти худ аз партов ин нишондиҳандаи фарҳанги волои шаҳрдорист. Дар муддати ду соати кор донишҷӯён ва омӯзгорон соҳилро аз шиша, пластмасса ва дигар партовҳои маишӣ покиза сохтанд. Дар покизасозӣ донишҷӯён сатҳи баланди масъулият зоҳир намуда, тамоми партовҳоро аз соҳили дарё дар халтаҳо ҷамъ оварда беруни соҳил гузоштанд, ки сипас он партовҳо аз ҷониби кормандони идораҳои манзилию комунналии маҳаллӣ ба партовгоҳҳои махсус бурда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки покизагӣ яке аз шиори асосии кормандону донишҷӯёни Муассиса ва умуман тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ шанбегии дастаҷамъона дар кулли биноҳои таълимии муассиса низ бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд. Дар тамоми чорабиниҳои мазкур танҳо донишҷӯёни ихтиёрӣ ва танҳо фориғ аз дарс иштирок доштанд.

Дар ҷараёни шанбегӣ омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён бо як масъулияти хос ва ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри симои зебо ғасб намудани биноҳои таълимӣ ва дар ин ҳошия ободу зебо намудани шаҳри азизамон Душанбе, гирду атрофи биноҳоро рубучин ва ҷӯйборҳои обравҳоро тоза намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.