МақолаҳоХабарҳо МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ АМНИЯТИ ДАВЛАТ ВА ОРОМИИ ҶОМЕА Бо admin Охирин навсозӣ Jun 5, 2023 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ Терроризм ва экстремизм чуноне маълум аст, яке аз шаклҳои ҷинояткории муташаккил мебошад, ки хусусияти байналмилалиро дар худ касб намудааст. Таи чанд даҳсолаи охир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар минтақаҳои гуногуни олам ҷиноятҳои даҳшатнок ва амалҳои харобиоварро содир намудаанд. Бояд қайд намуд, ки то солҳои 2001-ум давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ин гуна амалиётҳоро ҳамчун ҷиноятҳои муташаккил барасӣ намуда, алайҳи онҳо бо шаклу услубҳои гуногун мубориза мебурданд, ки натиҷаҳои назаррасро ба бор намеоварданд. Баъзан давлатҳо аз тадбирҳои фаврии пешгирии он канораҷуӣ мекарданд. Чунин тарзи муносибат имконият фароҳам овард, ки амалиётҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё доман паҳн намояд. Қобили зикр аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи чанд даҳсолаи охир бо сабаби фаъол гардидани амалиётҳои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар кишварҳои гуногун хусусан давлатҳои абарқудрат ба он диққати ҷиддӣ зоҳир намудаанд. Дар натиҷаи андешаҳо ва таҳлилҳои амиқи илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ маълум гардид, ки амалҳои террористии охири асри XX ва аввали асри XX1 хоси терроризми маъмулии даҳсолаҳои пешина набуда, симою тамоилҳои тамоман навро дар худ пайдо намудааст, ки он моҳияти байналмилалиро дар худ доранд. Аксари кулли сарони давлатҳо, сиёсатмандарон, созмонҳои байналмилалӣ ба хулосаи қатъӣ омаданд, ки ба муқобили терроризм ва экстремизм муборизаи пайгиронаву муташаккилро якҷоя амалӣ намоянд. Дар робита ба ин 30 ноябри соли 2001 сарони давлатҳои ИДМ дар шаҳри Москва оиди масъалаи муборизаи муташаккилона муқобили терроризм ва экстремизм ва дигар ҷиноятҳо изҳорот қабул намуданд. Баъд аз ин вохурӣ, мавзӯи терроризми байналмилалӣ дар сиёсати давлатҳои ҷаҳон мақоми марказиро ишғол менамояд. Чуноне коршиносони масъалаҳои сиёсӣ муайян намудаанд, терроризм ва экстремизм воситаи ба даст овардани мақсадҳои сиёсии гурӯҳҳои муташаккил гаштааст, ки дар пасашон фармоишгаронӣ худро доранд. Мақсади асосии онҳо дар ин ё он давлат сарнагун кардани низомҳои конститутсионӣ ва барқарор намудани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпеша ва ба идеологияи динӣ асосёфта мебошад. Дар ин роҳ террористон ва экстремистон ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин аз ҷумла аз байн бурдани сарони давлатҳо, сиёсатмадорони машҳур, шахсони соҳибэътибори миллат, гаравгонгирии одамон ва ғайраҳо даст мезананд, ки ин ҳама амалҳо ғайриконститутсионӣ буда, ҷиноятҳои вазнинтарин ҳисоб меёбанд. Дар ин изҳорот ҳамагуна амалҳои зишткорона ва моҷароҷуёнаи онҳо маҳкум карда мешавад. Дар ин ҳуҷҷат қайд гардидааст, ки терроризм ва экстремизм асосҳои давлатро халалдор месозад ва боиси ба вуҷуд омадани низоъҳои сиёсӣ, ҷиноятҳои муташаккил, ки боиси аз байн рафтани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии халқу миллатҳо мегардад, маҳкум карда мешаванд. Аз ин рӯ сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ даъват карда шудаанд, ки ҷиҳати пурзур намудани мубориза алайҳи тарроризм ва экстремизм тадбирҳои фаврию мувофиқаткардашудаи байни давлатҳоро ба роҳ андозанд, ки ин ҳама тадбирҳо ба бехатарии кулли ҷомеа равона карда мешаванд. Чуноне ки далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд баъди ба даст овардани истиклолият дар баъзе аз кишварҳо аз ҷумла дар Тоҷикистон низ ҳаракатҳои сиёсии мухталиф қувват гирифта барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба мубориза шуруъ намуданд. Натиҷаи ҳамаи ин муборизаҳои дар бисёр мавридҳо ѓайриконститутсионӣ буд, ки ҷумҳурии моро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар миёнаи солҳои 90-ум ва баъдтар дар ҷумҳурии мо низ гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ кормандони намояндагии СММ, рузноманигорони Руссия, аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони мардумиро ҳамчун восита ва усули ба ҳадафҳои террористӣ – ғасби ҳокимият анҷом дода буданд. Бояд қайд намуд, ки маҳз мудохилаи дин ба корҳои давлат яке аз омилҳои муҳими ҷанги шаҳрвандии мо маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи ин низои сиёсӣ, ки аз соли 1992-ум то соли 1997 давом кард ва он ба ҷумхурии мо зиёда аз 10 миллиард доллари америкоӣ зарари моддӣ овард, садҳо шаҳру деҳаҳои обод харобу валангор гардиданд. Зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони мо дар ин низоъ ҳалок шуда, тақрибан 100 ҳазор кас бе ному нишон гардида, зиёда аз 1,5 млн нафар шаҳрвандонамон бошанд ҷои зисти муқимиашонро тарк карда муҳоҷиру ғариб дар кишварҳои дуру наздик овораву саргардон гаштанд ва беш аз 60 ҳазор тифлон бесаробон монданд. Шояд хисороти моддиву ҷонии ин низоъ аз рақамҳои оварда шуда хеле зиёд бошанд. Чуноне дар мақолаи худ “Терроризм ва ифротгароӣ – падидаи номатлуби ҷомеа” Директори МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ муҳтарама Ашуриён Шаҳло қайд намудаанд, “падидаи терроризм ва экстремизм якранг нест, доим дар тағйир аст ва он рўз то рўз инкишоф меёбад, васеъ паҳн мешавад. Рў ба ифротгарої овардани ҷавонони имрўза шояд вазъи иқтисодї, коррупсия, паст будани сатҳи зиндагии мардум, бекорї, фиреб, надонистани қонун, бесаводї, хурофотпарастї, дониши пасти сиёсї, надоштани таҳсилоти олї ва дигар омилҳо бошанд. Имрўзҳо Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон тамоми чораҳоро меандешад, то пеши роҳи ифротгароиро бигирад, зеро ки њоло њам равияњои ифротгарої ба монанди ЊИУ, Ансоруллоњ, Њизб-ут-тањрир, Таблиѓ, Салафия, Љундуллоњ дар њудуди Осиёи Миёна хавфи калон доранд. Идеологияи онњо пурра хурофот буда, аз одитарин меъёри ахлоќи волои исломї фарсахњо дуранд. Зеро ки мувофиќи талаботи дини мубини ислом рехтани хуни ноњаќ њаром аст. Пас онњо чигуна мусалмоне њастанд, ки бо ин гуна берањмї, ки дар аќлу шуури инсон тасвирнопазир аст, одамонро ба ќатл мерасонанд. Бояд љомеаи мо ба таърих, фарњанг ва тамаддуни њазорсолањои худ такя намуда, барои пешгирии хатарњои нави љањонї, аз љумла терроризм, ифротгарої ва дигар падидањои номатлуб, ки ба сулњу амният ва суботи љомеа тањдид менамоянд, воќеъбинона муносибат намоянд”. Чуноне Пешвои миллатамон дар Паёми худ иброз намуданд, руйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Домани фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии он вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Мубориза бо тероризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эхтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумиро тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кушишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором ва хатарнок месозад. Пешвои миллатамон чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда буданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад ва гузашта аз ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегиранд ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда аз ваҳшонияти асримиёнагии террористон пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. Ислоҳи вазъ, таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои бо ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд. Ҷумҳурии мо, ки ҳануз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат бо терроризм ва экстремизмро аз сар гузаронида дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Новобаста аз ин имрӯзҳо низ баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ, баъзе ҳизбу ҳаракатҳое хастанд, ки ҳануз ҳам аз ниятҳои бадхоҳонаи худро нисбати миллати мо даст накашидаанд ва мехоҳанд, ки нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи худро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ намоянд. Вале миллати мо оқибати он ҳама нооромиву низоъҳоро ба хуби дарк намуданд ва дигар намегузоранд, ки зиндагии орому осудаи онҳоро чун солҳои навадум бо фитнаангезиву дасисабозӣ гурӯҳе халалдор намояд. Ҷомеаи моро зарур аст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатамон амал намуда ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осоиштагии кишварамон ҳамеша омода бошанд, зеро раванди муосири сайёра ва вазъи минтақаву ҷаҳони муосир ҳаминро талаб месозад. Одилзода И. Ё., – муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, Одинаев Ҳ.С., – омӯзгори кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” 0 Мубодила кардан