Хабарҳо ҶАРАЁНИ ВОРИДСОЗИИ ИХТИСОСИ ФИЗИОТЕРАПИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МАЪРӮЗАИ ОМӮЗГОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР КОНГРЕССИ ФИЗИОТЕРАПЕВТОНИ ҶАҲОН ДУБАЙ 2023 Бо admin Охирин навсозӣ Jun 5, 2023 0 Дар доираи барномаи “Конгресси байналмиллалии физиотерапевтони ҷаҳон 2023”, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб гузашта истодааст, санаи 5 июни соли ҷорӣ ҳайати кормандони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, зери роҳбарии директори Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар нишасти иттилоотии конгресс иштирок намуда, ҳамзамон омӯзгори кафедраи Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Шераева Парвона бо маърӯзаи худ оид ба ҷараёни воридсозии ихтисоси Физиотерапия дар раванди таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баромад намуданд. Парвона Шераева зимни суханронии худ аҳамияти воридсозии ихтисоси мазкурро дар раванди таълим таъқид карда, иброз дошт, ки баъди воридсозии ихтисоси мазкур ва таълиму ба воя расонидани мутахассисони соҳавӣ, самаранокии ташхис ва табобати бемориҳои узвҳои мушаку устухон дучанд меафзояд. Маърузачӣ таъқид сохт, ки дар ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани ихтисоси нави физиотерапевтӣ ба пешрафти илми тиб ва умуман баланд шудани дараҷаи нигаҳдории тандурустӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин қайд гардид, ки ҷорӣ намудани ихтисоси нав барои баланд бардоштани малакаи мутахассисони ин соҳа ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат мекунад. Парвона Шераева оид ба таҷрибаи муассисаи таълимии мо дар соҳаи физиотерапевтӣ иттилоот дода, аз дастовардҳои мо дар ин самт сухан ронд. Маърузаи омӯзгори моро коршиносон ҳамчун яке аз баромадҳои беҳтарин ва умедбахшт арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин коршиносон бо итминони комил изҳор доштанд, ки роҳбарият ва омӯзгорони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо дигар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи таҷриба хоҳанд намуд ва ин барои воридсозии ҳарчи зудтари ин ихтисос мусоидат менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” зери роҳбарии оқилонаи н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода тули чанд сол боз бо намояндагони ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба воридсозии ихтисоси Физиотерапия мулоқоту вохуриҳо гузаронида мешаванд. Бо ибтикори роҳбари муассиса дар коллеҷ синфхонаҳои таълими амалӣ, маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ва дигар утоқҳои симулятсионӣ кушода ва бо фантомҳо ва симуляторҳои тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки дар таълими амалии муҳассилини ихтисоси физиотерапия нақши бузург доранд. https://medcollege.tj/wp-content/uploads/2023/06/Видео-WhatsApp-2023-06-05-в-13.47.42.mp4 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан