Хабарҳо ҶАРАЁНИ ҚАБУЛИ САНҶИШИ ФАРҚӢ ОИД БА МАЛАКАҲОИ АМАЛӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Jun 12, 2023 0 Санаи 12 июни соли ҷорӣ дар маркази омӯзиши малакаҳои амалии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” қабули санҷиши фарқӣ оид ба малакаҳои амалии хатмкунандагони факултети кори момодоягӣ, зерихтисоси неонатологӣ ва факултети кори табобатӣ баргузор гашт. Донишҷӯён фурсат пайдо намуданд, то маҳорати амалии худро дар наҷот додани кӯдакони навзод нишон диҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки санҷиши малкаҳои амалии донишҷӯёни муассисаҳои таълимии тиббӣ, яке аз марҳилаҳои муҳим барои омодасозии кормандони ояндаи соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, ба онҳо дар шароити воқеӣ наҷот додани ҳаёти беморонро меомӯзонад. Донишҷӯён аз як чанд марҳила, аз ҷумла арзёбии ҳолати кӯдакони навзод, гузаронидани эҳёгарӣ ва кор бо асбобҳои тиббӣ гузаштанд. Онҳо донишу малакаи худро дар соҳаи неонатология, тибби оилавӣ, инчунин қобилияти кор дар даста ва зуд қабул кардани қарорҳоро дар ҳолатҳои фавқулодда нишон доданд. Дар натиҷаи санҷиш ба маҳорати амалии хатмкунандагон баҳои баланд гузошта шуд, ки ин далели доштани сатҳи зарурии омодагии фаъолият дар шароити воқеии клиникӣ мебошад. Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” таҳти роҳбарии н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода баҳри гирифтани донишу малкаҳои амалии зарурӣ, маркази омӯзиши малкаҳои амалӣ муҷаҳҳаз бо тамоми аёниятҳо ва муляжҳои тиббӣ кушода, барои муҳассилин дастрас гардидааст. Дар ин марказ донишҷӯён имкон доранд то оғози фаъолияти касбӣ донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, бо ин роҳ малакаҳои зарурии наҷот додани ҳаёти беморонро ба даст оранд. Пеш 1 то 13 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан