Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАРАЁНИ НАЗОРАТИ ҚАБУЛИ САНҶИШУ ИМТИҲОНҲО ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ

Назорати ҷараёни қабули санҷишу имтиҳонҳо қисми муҳими раванди таълим ба шумор рафта, барои арзёбии сифати таълим ва дониши азхудкардаи муҳассилин мусоидат менамояд. Дар умум назорати раванди таълимӣ ба муайянсозӣ ва арзёбии самтҳои асосии рушд, дарёфти камбудиҳо ва бартарафсозии онҳо, инчунин барои тартиби дурнамо дар ин самт нигаронида шудааст. Бе назорат ва арзёбӣ фаъолияти таълимии омӯзгор ва донишҷӯ ғайриимкон аст.

Дар ин асос санаи 13 июни соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари Муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақша-чорабиниҳои шуъбаҳои таълим ва илми Коллеҷ аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ назорати ҷараёни қабули санҷишу имтиҳонҳо дар кафедраҳои муассиса гузаронида шуд. Зимни назорат ба давомоти донишҷӯён, мавҷудияти маводҳо ва барномаҳои таълимӣ, инчунин ба тартиби ҳуҷҷатнигорӣ дар кафедраҳо диққати хоса дода шуд.

Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. ба масъулин муроҷиат намуда, таъқид сохтанд, ки қабули имтиҳонҳо мувофиқи қоида ва талаботҳои муқарраршуда гузаронида шаванд. Ҳамзамон барои таъмини шаффофияти раванди супоридани имтиҳонҳо қисмати зиёди онҳо тариқи тестӣ дар маркази тестии муассиса бо истифода аз барномаҳои компютерӣ, ки натиҷаи имтиҳонро дарҳол пас аз итмони имтиҳон манзури донишҷӯ мегардонад, супорида мешаванд.

Инчунин барои арзёбии сатҳи малакаҳои амалии донишҷӯён назорати ҷараёни қабули санҷиши фарқии донишҷӯёни гурӯҳи махсуси ихтисоси Кори ҳамширагӣ аз рӯи барномаи Кори ҳамширагӣ дар неонатология дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ гузаронида шуд. Санҷиши фарқӣ як роҳи баҳодиҳии малкаҳои амалӣ мебошад, ки имкон медиҳад сатҳи омодагии донишҷӯён ба фаъолияти касбӣ муайян карда шавад.

Дар баробари назорат, зимни дарёфти камбудиҳо ба масъулин ёрии методӣ расонида ба роҳбарони кафедраҳо баҳри сафарбарсозии омӯзгорони ҷавон ба курсҳои такмили ихтисос тавсия доданд. Ҳамин тариқ, назорати раванди супоридани имтиҳонҳо ва гирифтани санҷиши фарқӣ ҷузъи муҳими раванди таълим буда, имкон медиҳад сатҳи дониши донишҷӯён ва сифати таълим баҳо дода шавад. Натиҷаи тафтиш аз дараҷаи баланди тайёрии донишҷӯён ва муносибати касбии омӯзгорон гувоҳӣ дод.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.