Санаи 13 июни соли 2023 тибқи дастури директори Муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҷиноят ва каҷрафторӣ вохурии судманд бо иштироки муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Одилзода И. Ё., муовини директор оид корҳои тарбиявӣ Саидова М. М., муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ ва инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ Муминзода Ҷ. С., муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А. Д. ва ҷамъи васеи донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал Саидова М. М. суханронӣ намуда қайд намуданд:
“9-уми сентябри соли 1991 халқи тоҷик ба орзуи деринаи хеш расид, ки ин ҳам бошад, соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Албатта, ин неъмати бузург бо муборизаву талошҳои бепоёни фарзандони фарзонаи тоҷик ва нафарони бонангу номус ва озодихоҳу ватанхоҳи миллат дар тӯли беш аз ҳазор сол ба даст омад. Ва имрӯзҳо мардуми шарифи кишвар, алалхусус ҷавонон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии Ватани азизи хеш дар фазои софу беғубори он баҳри ободии ин диёри аҷдодӣ бо маром дар ҷабҳаҳои гуногуни зиндагӣ, илмомӯзӣ ва кору фаъолият доранд.
Аммо ҳанӯз ҳам ёфт мешаванд қонунвайронкуниҳо ва ё ҷинояткориҳое, ки бо иштирок ва айбдории наврасону ҷавонон содир мегарданд. Ин ҳам бошад, ҷавононе даст ба дуздиву ҷинояткорӣ мезананд, ки аз тарбияи оила ва ҷамъият дур мондаанд.
Аз ин рӯ пешгирӣ намудани каҷрафтории ҷавонону наврасонро пеш аз ҳама бояд аз муҳити оилавӣ шуруъ кард, аз замони кӯдакӣ бояд ба онҳо фаҳмонда шавад ки чи ба нафъи онҳост ва чи бар зарари онҳо. Каҷрафторие, ки дар аксар маврид на онқадар бад метобад барои баъзе нафарон, аммо он метавонад дар оянда ба мушкилоти бузургтар ва ҳатто ба ҷинояткорӣ оварда расонад. Бояд тамоми қишри ҷомеа дастаҷамъона ҳама гуна каҷрафторӣ ва падидаҳои номатлуби миёни ҷавонону наврасонро пешгирӣ намоем, зеро ки насли наврасу ҷавон ояндаи миллату давлати моянд.”
Баъдан Муминзода Ҷ. С. риштаи суханро давом дода қайд намуданд, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлату ҳукумат дастгирии ҷавонон нисбат ба дигар қишри ҷомеа хеле зиёд аст, то ки ҷавонон вақтро аз даст надода пайваста ба илму дониш, забономузӣ ва корҳое ки ба манфиати ҷомеа мебошад сарф намоянд. Вақте, ки ҷавон аз илму дониш дур монд, шуурнокии он коста гашта ба доми ҳар гуна нафарони ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистӣ дошта галтида, ҳаёти ширини худро зери хатар андохта, ба ҳар кори зишту ҷиноят даст мезанад.
Шумо ҷавононро зарур аст, пайваста илму дониш ва забон омӯхта номбардори давлату миллат гардед, то дар таърих номатонро ба некӣ ёд кунанд, на ба бадӣ.
Ҳамчунин Одилзода И. Ё. дар баромади худ оид ба маҳфум ва моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ сухан гуфта, кайд кард, ки яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет мебошад.
Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Шумо ҷавононро зарур аст, ба қадри муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро дониста, ҳаргиз нагузоред, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафарияҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.
Дар охир Давлатзода А. Д. баромад намуда, қайд намуданд: “Мо ва шумо ҷавонон аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд. Ва аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пурзур намоянд, то роҳи ин гуна қонуншиканиҳо гирифта шаванд.