Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОМОДАГӢ БА АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ – 2023

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузорнамоии аттестатсияи давлатии хатми донишҷӯён дар соли таҳсили 2022-2023, санаи 14 июни соли ҷорӣ ҷаласаи ғайринавбатии назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа як қатор мавзӯъҳои марбут ба ташкил ва баргузорнамоии аттестатсияи давлатии хатм баррасӣ карда шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҷаласа сардорони шуъбаҳои дахлдор ва деканони факултетҳо иштирок доштанд. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. дар оғози ҷаласа ба ҳозирин таъқид сохта, дастур доданд, ки имтиҳонҳои хатм бояд тибқи Низомномаи Аттестатсияи хатм баргузор шуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили дафтарчаҳои имтиҳонӣ, бланкҳои пайнавиштҳо ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маконҳои баргузории имтиҳон пеш аз оғози имтиҳон омода бошанд. Махсусан ба ҷиҳозонидани синфхонаҳои имтиҳонӣ бо аёнияту баннерҳои таълимӣ диққати хос дода шавад.

Деканони факултетҳо изҳор доштанд, ки тамоми ҳуҷҷатҳо ба талаботи Низомномаи Аттестатсияи хатм ҷавобгӯ буда, факултетҳо дар ҳамбастагӣ бо кафедраҳои дахлдори тахассусӣ барои қабули аттетстатсияи давлатии хатм пурра омода мебошанд. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ инчунин ба масъулин ҷиҳати иҷроиши фармоиши роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода оид ба пешгирии сарзании ҳолатҳои номатлуб, дустури мушаххас доданд.

Ҳамзамон деканони факултетҳо оид ба ҷараёнгирии Аттестатсияи хатм ва таҷрибаи соли сипаригашта ибрози ақида карда, пешниҳодҳо доштанд. Раёсати таълим пешниҳодҳоро ба инобат гирифта, ба онҳо тавсияҳои муфид доданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.