Хабарҳо ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ НАЗДИ МУОВИНОНИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Jun 20, 2023 0 Санаи 20 июни соли 2023 бо дастуру супориши роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати таъмини иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар Анҷумани II – юми офталмологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба рухсатии меҳнатӣ раҳсипор намудани омӯзгорон, назорати иҷроиши талаботҳои низомномаҳои аттестатсияи давлатии хатм ва ҷоннок сохтани корҳои илмӣ бо пахш дар шабакаҳои иҷтимоии муассиса, ҷаласаи ғайринавбатии назди муовинони директор баргузор гашт. Дар кори ҷаласа муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т. Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ, н.и.т. Муминзода Ҷ.С., муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А.Д., муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ ва маъмурӣ Мамурзода Д.М., деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд. Дар оғоз муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. ба масъулин ҷиҳати таъмини иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар Анҷумани II – юми офталмологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 июни соли ҷорӣ дар толори барҳавои бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор мегардад, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Анҷумани мазкур бо мақсади таҳлили вазъи хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба беморони чашм, мушкилотҳои ташхису табобати беморони гирифтори бемории глаукома, дарёфти роҳҳои беҳтарсозии сатҳи хизматрасонии беморони чашм ва рушди заминаи хадамоти офталмологии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Инчунин қайд гардид, ки Анҷумани мазкур барои кормандони маркази коркарди гиёҳҳои шифобахш барои тарғиби маводҳои истеҳсолнамудаашон фурсати муносиб пеш меоварад ва аз ин лиҳоз барои омода сохтани “Гӯшаи гиёҳдармонӣ” ба масъулин дастури мушаххас дода шуд. Сипас тибқи рузномаи ҷаласа, масъалаи рухсатии меҳнатии омӯзгорон баррасӣ гардида, муовини директор ба сардорони шуъбаҳои дахлдор, мудирони кафедраҳо ва масъулин аз қисми хоҷагидорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ҷамъбасти ҷаласа маъмурияти коллеҷ изҳор доштанд, ки раванди итимҳонҳои давлатии хатм дар мадди назари роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода қарор дошта, ба масъулин таъкид сохтанд, ки назорати иҷроиши талаботҳои низомноваӣ дар самти мазкур ҷоннок сохта шавад. Пеш 1 то 15 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан