Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАЗОРАТИ ҶАРАЁНИ АТТЕСТАТСИЯИ ДАВЛАТИИ ХАТМИ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ

Санаи 21 июни соли 2023 бо дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ҷиҳати иҷроиши фармони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, ки санаи 6 июн дар ҷаласаи маҷозӣ ироа шуда буд, назорати нақшавии ҷараёни аттестатсияи давлатии хатм аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ гузаронида шуд. Лозим ба ёдоварист, ки назорати ҳамарӯзаи имтиҳонҳои ҷорӣ ва аттестатсияи хатм тибқи дастуру супоришҳои муовини вазири Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфия Абдулхолиқзода ба роҳ монда шудааст. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. дар доираи вазифаҳои худ санҷиш гузаронида, боварӣ ҳосил намуд, ки тамоми имтиҳонҳо тибқи қоида ва талаботи муқарраршуда гузаронида мешаванд.

Назорати имтиҳонҳо марҳилаи муҳими раванди таълим аст, зеро он на танҳо сатҳи омодагии донишҷӯёнро арзёбӣ менамояд, балки обрӯ ва нуфузи муассисаи таълимӣ низ аз натиҷаҳои он вобаста аст. Гузаронидани имтиҳонҳои давлатӣ як раванди масъулиятнок ва мураккабест, ки риояи қоидаву талаботи зиёдро талаб мекунад.

Зимни назорат муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ба бисёр ҷанбаҳо, аз қабили дурустии имтиҳонот, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин сатҳи омодагии донишҷӯён таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Бо донишҷӯён ва омӯзгорон баҳри ошкорсозии мушкилотҳо, суҳбатҳо оростанд.

Қайд кардан зарур аст, ки имтиҳонҳои давлатӣ имкон фароҳам меоваранд, то муассисаи таълимӣ мутахассисони воқеан соҳибтахассус омода созад ва минбаъд онҳо дар соҳаи худ бомуваффақият кор карда тавонанд. Илова бар ин, мониторинги имтиҳонҳо имкон медиҳад, ки мушкилот ошкор ва сифати таълим беҳтар шавад.

Ҳамин тариқ, назорат аз болои имтиҳонҳои давлатӣ қисми ҷудонашавандаи раванди таълим мебошад. Он имкон медиҳад, ки донишҷӯён маълумоти босифат гиранд ва муассисаи таълимӣ ба стандартҳои баланди байналмиллалӣ ҷавобгӯ бошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.