Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ РОҲБАРИЯТ ВА ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ДУВВУМИН АНҶУНМАНИ ОФТАЛМОЛОГҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Анҷуманҳои тиббӣ қисми таркибии такмили сатҳи дониши донишҷӯёни муассисаҳои таълимии тиббӣ мебошанд. Иштирок дар чунин чорабиниҳо ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки аз дастовардҳои навтарини соҳаи тиб бархурдор шуда, бо мутахассисони варзида табодули таҷриба намоянд. Ин як таҷрибаи пурарзишест, ки ба донишҷӯён барои васеъ кардани дониши онҳо, инкишоф додани малакаҳои тадқиқотӣ ва барқарор кардани робита бо ҳамкасбони худ аз дигар муассисаҳо кӯмак мекунад.

Дар робита бо гуфтаҳои боло, санаи 22 июни соли ҷорӣ бо дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ҳайати роҳбарияти муассиса бо ҳамроҳии 400 нафар донишҷӯёни фаъол дар дуввумин Анҷумани офталмологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар толори барҳавои бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гашт, иштирок намуданд. Донишҷӯён ба мавзӯъҳои дар анҷуман баррасишуда мароқи калон зоҳир намуда, бо ҳамкасбони худ аз муассисаҳои таълимии олии тиббӣ фаъолона мубодилаи таҷриба карданд. Маълум буд, ки донишҷӯён донишҳои назариявии навро азхуд карда, бо шавқу ҳавас ва майлу рағбати зиёди касбӣ ба маърӯзаҳои иштирокчиён гӯш медоданд.

Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, хоса директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар кори омодасозӣ ва ташкили иштироки донишҷӯёни худ дар анҷуманҳои тиббӣ нақши калон доранд. Иштироки донишҷӯён дар чунин чорабиниҳои илмӣ дар мадди назари роҳбари муассиса қарор дошта, мунтазам дар ин самт корбарӣ карда мешавад. Бо шарофати ин дастгирӣ донишҷӯён тавонистанд дар ин чорабинии илмӣ ширкат варзида, малакаҳои тадқиқотии худро такмил диҳанд. Роҳбарияти муассисаи таълимии мо аз муваффақият ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар тамоми чорабиниҳо ифтихор дошта, минбаъд низ тасмим гирифтаанд донишҷӯёнро ба анҷуманҳо ва конференсияҳо равона кунанд. Ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки рушди касбиро идома диҳанд, дар табодули академӣ иштирок кунанд ва таҳқиқоти худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кунанд. Чунин дастгирии роҳбарият ба ташаккули мутахассисони баландихтисос ва серталаб дар соҳаи тиб мусоидат мекунад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.