Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БОЗДИД АЗ БЕМОРХОНАҲОИ ФИЗИОТЕРАПЕВТИИ ШАҲРИ ТИФЛИСИ ҶУМҲУРИИ ГУРҶИСТОН

Чи тавре дар иттилооти қаблӣ изҳор доштем, гурӯҳи кории МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар ҳайати роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва як қатор кормандони муассиса бо сафари хизматӣ дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон қарор доранд. Имрӯз ҳайати кории мо дар доираи сафари хизматӣ аз як қатор клиникаҳои пешқадами самти физиотерапевтӣ дидан намуданд. Ин як таҷрибаи фаромӯшнашаванда буд, ки пур аз кашфиёт ва таассуроти нав мебошад.

Дар доираи сафари кории худ, ҳайати кории мо имкон дошт, ки бо усулхои пешқадами физиотерапия, ки дар клиникаҳои шаҳри Тифлис истифода мешаванд, шинос шаванд. Духтурон ва мутахассисоне, ки бо ҳайати кории мо вохӯрӣ доштанд, донишу таҷрибаи худро мубодила намуда, дар бораи тамоюлу навигариҳои навтарини соҳаи физиотерапевтӣ сухан ронданд.

Ғайр аз ин, ҳайати кории мо имконият пайдо намуданд, ки кори физиотерапевтҳоро дар шароити аслии клиникӣ мушоҳида намоянд. Аз ҷумла  усулҳои истифода аз техника ва таҷҳизоти гуногун, инчунин тарзи гузаронидани машғулиятҳои фардии табобатӣ мушоҳида карда шуданд. Дар ҳақиқат дидани он, ки чӣ тавр мутахассисони соҳаи мазкур ба беморон дар барқарор кардани фаъолияти ҷисмонии худ ва мубориза бо бемориҳои гуногун кӯмак мерасонанд, таъсирбахш буд.

Зимни вохурӣ бо кормандони беморхонаҳои физиотерапевтии шаҳри Тифлис роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода таъкид сохтанд ки ҳамкорӣ бо беморхонаҳои бурунмарзӣ ва дар маҷмӯъ робитаҳои байналмиллалӣ барои муассисаи мо моҳияти калон дошта, имкон фароҳам меоваранд, ки донишу малакаи донишандӯзони мо ба талаботи  бозори меҳнатии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад.

Дар ҷамъ, сафари кории намояндагони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” таҳти роҳбарии директор, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода пурмазмун ва самаранок шуморида мешавад, зеро таҷриба ва дониши пурқиммат ба даст оварда шуд, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён дар соҳаи физиотерапевтӣ ёрӣ мерасонад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.