Хабарҳо САҲМИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР АКСИЯИ ТОЗАГӢ БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Бо admin Охирин навсозӣ Jun 24, 2023 0 Бахшида ба истиқболи сазовори Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯзҳо тадбирҳои ободонию зебоинигорӣ дар саросари кишвар бо маром идома доранд. Ба муносибати ҷашнҳои дар пешиситода ва бо мақсади тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни биноҳои таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассиса ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни таълимгоҳ зери таваҷҷӯҳи хосаи директори муассисаи таълимӣ н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода қарор дорад. Ҳамин тариқ санаи 24 июни соли ҷорӣ бо дастуру супоришҳои роҳбари муассиса дар тамоми биноҳои таълимии Муассиса ва пойгоҳҳои таълимии дар беморхонаҳо қарордошта шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Дар рафти шанбегӣ омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарм, ҷӯйборҳоро тоза, гулу буттаҳои ороиширо аз ҳар гуна алафҳои хушку бегона тоза намуданд. Гузаронидани шанбегиҳо дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба ҳукми анъана даромада, нишони иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва пайравӣ аз иқдомҳои некхоҳонаи Раиси азизи шаҳрамон мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки ин шанбегӣ ягона набуда, то ин рӯз ҳар шанбе чунин шанбегиҳо гузаронида мешуд. Кормандон ва омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” барои истиқболи шоистаи ҷашнвораҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба тарафдори Пешвои миллат, Ҳукумат ва давлат мебошанд. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан