Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА ҶАШНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

“Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад”

Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, 2020 сол.

Дар ҳақиқат барои ҳар як фарди ватандӯсту миллатпарвар тамоми он арзишҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, муқаддасоте мебошанд, ки ҳувияти миллии моро пойдор мегардонад. Миёни ин ҳама муқаддасот нақши ваҳдати миллӣ дар ташаккули давлати устувор ва зиндагии осоиштаи ҷомеа инкорнопазир аст. Ваҳдати миллӣ ба таҳкими суботи иҷтимоию сиёсӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Вақте миллат муттаҳид буда, барои ҳадафҳои умумӣ саъй мекунад, низоъ ва ташаннуҷ дар ҷомеа нест мегардад. Ваҳдати миллӣ барои рафъи ихтилофҳо, фароҳам овардани заминаҳои ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни гурӯҳҳо ва ҷомеаҳои гуногун мусоидат мекунад.

Бинобар ин, Ваҳдати миллӣ барои мо арзиши бисёр муқаддасу азиз буда, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад. Вазифаи ҳар як шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту миллатпарвар аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намояд, зеро таҳкими давлату рушди сулҳу суботи ҷомеаи Тоҷикистон маҳз аз он вобастагӣ дорад.

Давлати устувор дастгирӣ ва иштироки ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, дин ва мансубияти фарҳангии онҳоро тақозо мекунад. Ваҳдати миллӣ ба ташаккули арзишҳои умумӣ, меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқӣ, ки адолат ва баробарии тамоми аъзои ҷомеаро дар назди қонун таъмин менамоянд, мусоидат мекунад.

Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои хирадманди миллати хеш содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

Умуман, бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати заҳматҳои содиқонаи Пешвои азизи миллат ва дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем.

Барои бузургдошти нақши Ваҳдати миллӣ дар пойдории давлату ҷомеа ҳамасола 27-июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи қонунгузорӣ инъикоси худро ёфта, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 2 августи соли 2011, №753 ҳамчун рӯзи истироҳат муқаррар шудааст. Аз ин лиҳоз якояки мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро бо ин рӯзи дар ҳақиқат ҳам муҳим – Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, ин фурсати фараҳбахшро ғанимат дониста, ба ҳамаи шумо саломатӣ, саодатмандӣ ва дар ҳаёту фаъолият комёбиҳо ва муваффақиятҳоро таманно дорем.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун сабақи таърихӣ ва армуғони беназири таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои наслҳои оянда ва дар арсаи байналмилалӣ ҷовидону побарҷо бимонад.

Бо эҳтиром,

Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.