Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Омӯзгорону донишҷӯёни муҳтарам ва ҳамватанони азиз!

Бо камоли шодмонӣ фарорасии иди саиди Қурбонро, ки аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусалмони мо мебошад, воқеан бар маромҳои инсондӯстиву мурувват ва ваҳдату меҳрубонӣ бунёд ёфтааст, бароятон табрику таҳният мегӯям.

Иди Қурбон барои мардуми шарафманди мо иди садоқат, имон, шафқат ва саховатмандӣ мебошад. Дар ин рӯз кулли мусулмонони кишвар ва дунё ғизо ва тӯҳфаҳоро бо фақирону ниёзмандон тақсим намуда, моҳияти ҳамбастагӣ ва кӯмаки башардӯстонаро таъқид месозанд. Дар ин рӯз барои ҳар як фарди инсондӯст фурсат фароҳам оварда мешавад, то нисбати наздикону пайвандон ва атрофиёнамон дилсӯзӣ баён карда, саховатмандӣ зоҳир намоянд. Ҳамчунин дар ин рӯз имкон пайдо мегардад, ки ихтилофот бартараф шуда, одамон дар рӯҳияи сулҳу таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ муттаҳид шаванд.

Ҳамин тавр ин рӯзи фараҳбахш ба таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва ҳамбастагӣ дар ҷомеа мусоидат карда, дар ин айём мардум гирди ҳам омада, ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд. Қурбонӣ ки яке аз оинҳои аслии ид ба шумор меравад, барои кӯмак ба ниёзмандон равона шудааст. Ин як амалест, ки масъулияти иҷтимоии ҳар як шаҳрвандро дар ғамхорӣ нисбат ба атрофиён баланд мегардонад. Дар ин замина, бузургони мо фармудаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон беназир буда, аз фазилати ҳаҷҷи Акбар ҳам зиёдтар аст. Яъне мардуми шарифи мо дар ин рӯзҳо бештар ба навозиши дилшикастагон, ятимону бепарасторон ва ниёзмандон мепардозанд.

Соли ҷорӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Қурбонро мардуми шарафманди Тоҷикистон дар як моҳ бо фарқияти як рӯз таҷлил менамоянд. Яъне ин рӯйдоди азим дар ҳаёти кишвари озоди мо бори дигар шаҳодат бар он менамояд, ки танҳо бо шарофати ваҳдату якдилӣ ва сулҳу субот, ки бо заҳматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, мо имкон дорем озодона зиста аз фарҳанги ниёгони миллии худ пайравӣ намоем.  Имрӯз сиёсати давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар соҳаи дин дар асоси муқаррароти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ гардида, масъалаҳои муҳими муносибати давлату динро танзим менамояд. Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Итминон дорам, ки он ҳама сабақу илҳоме, ки ин Ид ба мо талқину ҳидоят менамояд, минбаъд барои дучанд боло рафтани самара ва маҳсулнокии фаъолияти меҳнати бунёдкоронаи мо мусоидат хоҳанд намуд. Ватанпарварӣ ва ҳисси худшиносии мо афзун гардида, барои зиндагии осудаву хуррам ва шоиставу арзанда боз як қадами муҳим мегардад.

Бори дигар якояки Шуморо бо фарорасии ин Ид самимона муборакбод намуда, бароятон хонаободӣ, сиҳатмандиву осоиш, хушбахтиву баракоти рӯзгор, имону инсоф, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва комёбиҳои тоза ба тозаро таманно дорам.

Иди саиди Қурбон муборак!
Бо эҳтиром, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода
Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.