Хабарҳо НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ УСТУВОРИИ ҶОМЕА – МИЗИ МУДАВВАР ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Jun 26, 2023 0 Дар арафаи солгардии иди Ваҳдати миллӣ дар бораи талошу кӯшиш ва саъю ғайрати абармарди миллат, ки барои фароҳам овардани сулҳи тоҷикон фидокорӣ кардааст, ёдрас мешавем. Баъди пароканда гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, ҳодисаҳои нангин, бадбинӣ, гурӯҳбозӣ, маҳалчигӣ ва майдоншинӣ рӯй дод, ки оқибат ба ҷанги гражданӣ оварда расонид. Ҷангҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон расонид. Хушбахтона, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” ба имзо расида, дар асоси он Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд. Бинобар ин, Ваҳдати миллӣ барои мо арзиши бисёр муқаддасу азиз буда, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад. Вазифаи ҳар як шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту миллатпарвар аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намояд, зеро таҳкими давлату рушди сулҳу суботи ҷомеаи Тоҷикистон маҳз аз он вобастагӣ дорад. Ҳамин тавр барои гиромидошти ин воқеаи барои мо муқаддас санаи 26 июни соли ҷорӣ дар бинои асосии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо дастури роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши ваҳдати миллӣ дар рушди устувори ҷомеа” баргузор гашт. Дар мизи мудаввар муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т. Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ, н.и.т. Муминзода Ҷ.С., сардорони шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд. Ба чорабинӣ муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Муминзода Ҷ.С. ҳусни оғоз бахшида, бо маърӯзаи худ оид ба “Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди устувории ҷомеа” дар назди ҳозирин баромад намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷику мардумони Тоҷикистон хушбахтиву саодатмандиҳо ва пешрафту шукуфоиҳои зиёда насиб гардонид. Сипас сухан ба мудири кафедраи фанҳои тиббӣ-биологӣ Раҳмонова М. дода шуд, ки онҳо оид ба муҳиммияти гиромидошти ин санаи арзишманд барои таҳкими минбаъдаи устувории давлатдорӣ сухан ронданд. Раҳмонова М. зимни суханронии худ иброз доштанд, ки Ваҳдати миллӣ барои дирӯз ва имрӯзи мо набуда, балки барои наслҳои минбаъдаи халқу миллати тоҷик нақши ҳалкунанда ва заминавиро соҳиб мебошад. Аз ин хотир бояд ҳар яки мо нисбат ба ин арзиши ояндасози миллату давлат эҳтироми хосса дошта бошем. Баъдан оид ба “Тараннуми Ваҳдати миллӣ дар осори шоирон” мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Назарова М. маъруза доштанд. Назарова М. оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди адабиёт ва фарҳанги муосири тоҷик сухан ронда, қайд карданд, ки Ваҳдати миллӣ омили асосии рушди гуногунҷанбаи ҳаёти ҷомеаи тоҷик ба шумор меравад. Дар ҷамъбаст муовини директор оид ба корҳои таълимӣ оид ба “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар побарҷосозии давлатдории тоҷикон ва ба дастоварии Ваҳдати миллӣ” сухан ронда, қайд карданд, ки мо мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон минбаъд низ бо шукронаи Ваҳдати миллӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ мерасем ва ҳаргиз намегузорем, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне ваҳдату миллат газанде ёбанд. Дар ҷамъ мизи мудаввар як қадами муҳим дар роҳи ташаккули фазои тарбиявӣ ва таҳаммулпазирӣ дар муассисаи таълимӣ гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ изҳори умедворӣ намуданд, ки баҳсу андешаҳои онҳо боиси таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷомеа мегардад. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан