Имрӯз дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо дастуру супориши бевоситаи роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода чорабинии ободонӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёну омӯзгорон дар ободонии ҳудуди биноҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд. Тамоми рӯз коллективи омӯзгорон бо ҳамроҳии донишҷӯён кӯшиш ба харҷ доданд, то ин ки дар тозагардонӣ ва ободонӣ ҳисса гузоранд.
Донишҷӯён аз субҳи барвакт, пур аз рӯҳбаландӣ ва бо майли меҳнат чамъ омада, бо асбобу анҷоми тозакунӣ мусаллаҳ шуда, ба тоза кардани майдони гирду атрофи биноҳои таълимӣ аз хошок ва баргҳо шуруъ карданд. Ҳама натиҷабин буданд ва вазифаи худро бо майли том иҷро мекарданд.
Дар чорабинӣ омӯзгорон низ фаъолона иштирок намуда, дастгирӣ ва ибрати худро ба хонандагон нишон доданд. Онҳо ба ташкили кор ёрӣ расонда, ба коллективҳо роҳбарӣ мекарданд. Якҷоя бо донишҷӯён фазои ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ба вуҷуд оварданд.
Дар рафти чорабинии ободонӣ бисёр корҳо: нармсозии бехи гулу дарахтон, тозасозии ҷуйбору обравҳо аз хазон, аз алафхои бегона тоза кардани майдонҳо ба ҷо оварда шуданд. Ҳар як донишҷӯ ва омӯзгор бо камоли мамнуният ҷидду ҷаҳди худро ба кори умум сарф мекард.
Рузи меҳнати ҷамъиятӣ на танҳо имконияти тоза кардани ҳудуди биноҳои таълимӣ, балки як воситаи хуб гузарондани вақти якҷояи донишҷӯён бо омӯзгорон низ гардид.