Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ НОМАТЛУБ

Пешгири ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлати санадҳои меъёрию ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳонён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад. Таъсири манфии ин зуҳуротҳои номалуб бахусус пеш аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ бештар зоҳир шуд, ки  сабаби асосии он ноустувории давлатҳои тозаистиқлол ва дуруст дарк карда натавонистани моҳияти демократия ва шакли нави давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои «аҳриманӣ»  маҳкум менамояд, то ҳол масоили пешгирии гаравидани  ҷавонон б ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст.

Экстремизм   –     аз калимаи     франсузии  “extremismе” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан буда,  экстремист  – шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстремизм шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад.

Ба акидаи аксари муҳақиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм пештар аз ҳама  ва  бештар  аз ҳама  дар соҳаи дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшавуканори сайёраи мо ба амал меояд. Махсусан экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқарраротҳои дини ислом сӯистифода намуда, тибқу дастуру нақшаҳои хоҷагони худ, ки душманони ин дин ҳастанд амал менамоянд.  Ба саволи – “сабабу решаҳои  пайдоиш ва пайравӣ  ба ақидаҳои террористию экстремистӣ дар чист ва омилу ангезаҳои асосии он кадомҳоянд? Ҷавоби дақиқу мукаммал додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосию умумии онро номбар кардан мумкин аст:

Якум, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо ( ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ) .

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ – олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои  анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад.

Сеюм, омиле,кибештар дар ҷаҳони ислом , дар байни мусалмонон роиҷ аст – ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Чорум, густариши хариду фурӯши маводи нашъаовар, яроқу аслиҳа. Бархе аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҳамин ҳисоб маблағҳои калони пулӣ ба даст меоранд ва ба ин мақсад амал мекунанд.

Панҷум,  шароити  вазнин ва сатҳи пасти зиндагӣ, мавҷуд набудани ҷои кор, манзил, камбизоатӣ, нодорӣ боиси норозигӣ ва гаравидани баъзе гурӯҳҳо ба экстремизм ва терроризм мегардад.

Шашум,  қастгирӣ, ғараз,  хусумат.

Ҳафтум, ба хотири обрӯ, нуфуз, соҳиби мансаб, сарвату боигарӣ шудан, баъзе ходимони дин, равия ва ҷараёнҳои гуногуни динӣ – ифротию тундравиро таъсис медиҳанд.

Ҳаштум,  омили олами ҷиноӣ, ҷинояткорон.

Нуҳум, фанатизми (таассуби) динӣ, таҳаммулнопазирӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба намояндагони дину мазҳабҳои дигар.

Ҳамин тариқ, новобаста аз он, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ бояд ҷазоҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта бояд пурзӯр карда шавад ва шахсони бо ҷурми ин ҷиноятҳо маҳкумгардида, зери назорати махсуси мақомоти иҷрои ҷазо қарор гиранд. Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ в шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб  барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

Омӯзгори кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” – и
МДТ “Коллеҷи тибии ҷумҳурияӣ”
Авазов Амирҷон Зафархонович

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.