Хабарҳо ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ “КОРИ ҲАМШИРАГӢ”- ТАҲСИЛОТИ РӮЗОНА ВА ШАБОНА Бо admin On Sep 22, 2023 0 Тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқнамудаи шӯъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон имрӯз, 21 – сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Муассиса вохӯрии донишҷӯёни бахши аввали факултети “Кори ҳамширагӣ” таҳсилоти рӯзона ва шабона бо ҳайати раёсати МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна сараввал донишҷӯёнро бо аҳли раёсати Коллеҷ ва деканони факултетҳо шинос намуда, баъдан оиди қоидаҳои дохилии муассиса, риояи сару либоси тавсиявии донишҷӯён, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ, рафтору кирдорҳои дуруст дар дохил ва берун аз Муассиса, қоидаҳои санитарию гигиении дохили муассиса ва хобгоҳи донишҷӯён, ҳамчунин алалхусус аз дасгириҳои бевоситаи роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода нисбати ятимони кулл суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми баромади худ Саидова М.М. аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ ва спартакиадаҳо алалхусус дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” иштирок намоянд. Сипас муовини директор оид ба таълими амалӣ н.и.т. Давлатзода Аслам Давлат баромад намуда, донишҷӯёнро таъкид намуданд, ки дар Муассисаи таълимӣ бо либосҳои тавсиявӣ ба дарс ҳозир шаванд ва аз фарҳанги бегона истифода набурда ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, шукронаи сулҳу осоиштагии халқу миллати хеш кунанд. Дар фарҷом муовинони директор Саидова М.М. ва Давлатзода А.Д. ба донишҷӯён барору комёбиҳо ва таҳсили хубу аълоро таманно намуданд. Пеш 1 то 14 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан