Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАЗОРАТИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ВА ҲОЛАТИ САНИТАРӢ ДАР БИНОИ ТАЪЛИМИИ 2-ЮМИ МУАССИСА

Санаи 26.09.2023с. тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақша – чорабиниҳои қисми тарбия аз тарафи муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна дар якҷоягӣ бо кормандони Шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон санҷиши риояи интизоми меҳнат, давомоти донишҷӯён ба машғулиятҳо ва ҳолати санитарию гигиении роҳраву ташнобҳо ва утоқҳои дарсии бинои таълимӣ гузаронида шуд. Дар раванди санҷиш ба донишҷӯён таъкид карда шуд, ки бо либосҳои тавсиявӣ ва лавозимоти дарсӣ ба машғулиятҳо ҳозир шаванд. Ҳамчунин аз фаррошони ошёнаҳои бино даъват ба амал оварда шуд, ки ҳолати санитарию гигиении роҳраву ташнобҳоро сари вақт тамиз намоянд. Ҳамчунин ба омӯзгорон дастур дода шуд, ки утоқҳои дарсиро бо гулҳои наву тоза оро дода, овезаҳое (баннер), ки бо гузашти сол сифаташон паст шудааст, бо овезаҳои замонавӣ иваз намоянд. Ба мудирони кафедраҳо дастур дода шуд, ки дафтарҳои синфиро пайваста назорат намуда, оиди эродҳо дар охири дафтари синфӣ қайд намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин санҷишҳо дар бинои таълимӣ пайваста сурат мегирад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.