Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАЗОРАТИ ПЕШРАФТ ВА ДАВОМОТ АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР БИНОИ АСОСИИ МУАССИСА

Субҳи 26 сентябри соли ҷорӣ бо дастури роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини директор оид ба корҳои таълимии муассиса, сардори шуъбаи таълим ва сардори  шуъбаи назорати сифати таҳсилот ташкил карда шуда, назорати нақшавии пешрафт ва давомоти донишҷӯён дар синфхонаҳои бинои асосии муассисаи таълимӣ доир гашт.

Дар доираи ин назарсанҷӣ муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. аз ҳар як синфхона дидан намуда, давомот ва нишондиҳандаҳои хонандагонро бодиққат аз назар гузаронид. Ҳамзамон ба сабти давомоти дарсҳо ва баҳоҳое, ки донишҷӯён барои иҷрои супоришҳои таълимӣ ва имтиҳонҳо гирифтаанд, диққати хос дода шуд.

Мақсади аз ин назорат, муайян намудани он буд, ки донишҷӯён то чӣ андоза ба дарсҳо иштирок мекунанд, зеро давомот асоси таъмини сифати таълим буда, азхудкунии маводи таълимӣ аз давомоти донишҷӯ вобастагӣ дорад. Муовини директор зимни гардиш бо донишҷӯён ва омӯзгорон суҳбатҳои озоду ошкоро барпо намуда, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас доданд.

Дар асоси натиљањои насарсанҷӣ тањлил ва бањодињии вазъи имрўзаи фаъолият ва давомоти хонандагон гузаронида мешавад. Дар сурати ошкор шудани мушкилот дар ин раванд, барои бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Ҳамчунин дар асоси ин гардиш нақша тартиб дода шуд, ки бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯриҳо доир намуда, роҳҳои беҳтарсозии раванди таълим ва беҳтарсозии нишондодҳои таълимиро баррасӣ намояд.

Назорати давомот ва пешрафт қадами муҳим дар таъмини таҳсилоти босифат дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” мебошад. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ бо пайравӣ аз иқдомҳои пешанамудаи роҳбари муассиса барои бењтар намудани шароити таълим ва фароњам овардани њавасмандии донишљўён фаъолона кор мебарад, то ки онњо дар фаъолияти таълимї ба натиљањои баланд ноил гарданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.