Хабарҳо МУШКИЛОТҲОИ ҶОРӢ ВА ДУРНАМОИ РУШД: ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ Бо admin On Sep 30, 2023 0 Санаи 28 сентябри соли 2023 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо дастуру супоришҳои роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷаласаи муҳим ва пурсамар баргузор гардид, ки таҳти раёсати муовини директор оид ба корҳои таълимӣ гузаронида шуд, ки дар он сардорони шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд. Дар рафти ҷаласа якчанд масъалаҳои асосӣ, ки ба фаъолияти таълимӣ ва сифати таҳсилот таъсири назаррас доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Яке аз мавзуъҳои асосие, ки дар маҷлис ба миён гузошта шуд, масъалаи давомоти донишҷӯён буд. Иштирокчиён вазъи кунуниро муҳокима намуда, стратегияи беҳтар намудани иштироки донишандӯзонро таҳия намуданд. Қарор дода шуд, ки бо омӯзгорону донишҷӯён мунтазам вохӯриҳо гузаронида, сабабҳои давомоти нокифояро муайян намуда, нисбат ба ҳар як хонанда муносибати инфиродӣ таҳия карда шаванд. Мавзӯи дигари муҳими баҳс ин зарурати роҳандозии корҳои тарбиявӣ оид ба пардохти шартномаҳои солона буд. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. аҳамияти пардохти саривақтиро таъкид намуда, таҳияи маводи иттилоотӣ ва гузаронидани семинарҳои иттилоотӣ барои донишҷӯён ва волидони онҳоро пешниҳод намуд. Дар ҷаласа қарзҳои академии донишҷӯён низ муҳокима шуданд. Иштирокчиён сабабҳои пешрафти сусти хонандагонро баррасӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки системаи мониторинги мунтазами пешрафти донишҷӯён ҷорӣ карда шавад. Қарор дода шуд, ки бо донишҷӯёне, ки қарзи академӣ доранд, машваратҳои инфиродӣ гузаронида, нақшаҳои бартараф кардани онҳо тартиб дода шаванд. Як ҷанбаи муҳиме, ки дар ҷаласа ба миён гузошта шуд, ҳуҷҷатгузории омӯзгорон буд. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ дар бораи зарурияти дуруст тартиб додани хуҷҷатҳо ва дар сари вақт ба маъмурият пешниход кардани он сухан ронданд. Қарор дода шуд, ки барои омӯзгорон оид ба дуруст тартиб додани ҳуҷҷатнигорӣ машғулиятҳо гузаронда, мӯҳлатҳои қатъии ҳисоботдиҳӣ муқаррар карда шавад. Дар вохӯрӣ масоили навиштани мақолаҳо аз ҷониби омӯзгорон низ баррасӣ шуд. Иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки ин метавонад барои баланд бардоштани нуфузи коллеҷ ва пешбурди таҷрибаи омӯзгорон муфид бошад. Карор дода шуд, ки омӯзгорони кафедраҳо мақолаҳои илмии худро барои чоп ва таҳрир ба шуъбаи илмӣ методӣ пешкаш намоянд. Ниҳоят, дар ҷаласа масъалаҳои риояи низомномаи коллеҷ, интизоми меҳнат ва тартиботи дохилӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён аҳамияти риояи қоидаҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунро баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки миёни тамоми кормандони коллеҷ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд. Умуман, вохурии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ бо масъулони раванди таълим ва тарбия хеле пурмаҳсул гузашт ва имкон дод, ки мушкилотҳои асосӣ муайян ва барои ҳалли онҳо нақша- чорабиниҳо тартиб дода шаванд. Ин ҷаласа барои пешрафти муассисаи таълимии тиббии мо ва таъмини таълими босифат ба донишҷӯён як қадами муҳим буд. Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан