Хабарҳо ИДОМАИ НАЗОРАТИ НАҚШАВИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Sep 30, 2023 0 Санаи 30 августи соли ҷорӣ баҳри иҷроиши дастури роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода силсилагардишҳои назоратӣ тибқи нақша идома ёфт. Чорабинии мазкур таҳти роҳбарии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ дар якҷоягӣ бо сардори шуъбаи таълим ва сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилот баргузор гардид. Гардиши назоратии кафедраҳои таълимӣ як ҷузъи муҳими стратегияи рушди муассисаи таълимии мо буда, ба мо имкон медиҳад, ки таълими босифати донишҷӯёнро таъмин намоем. Бо максади арзёбии вазъи кунунии ҷараёни таълим, мувофиқи талаботҳои амалияи муосири тиббӣ ва муайян намудани самтҳои потенсиалии такмил додани барномаҳои таълимӣ гардиши мунтазами кафедраҳои таълимӣ гузаронида мешавад. Дар рафти гардиш синфхонаҳо, толорҳои лексионӣ, лабораторияҳо ва дигар биноҳои таълимӣ аз назар гузаронда, бо омӯзгорону донишҷӯён суҳбатҳо барпо гардиданд. Зимни суҳбат муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. аз донишҷӯён даъват ба амал оварда, таъкид намуданд, ки онҳо ҳангоми анҷоми дарс вақти бештари худро дар китобхонаи муассиса гузаронида, дониши худро такмил диҳанд. Ҳамчунин ба омӯзгорон барои ҷоннок сохтани раванди дарс тавсия дода шуд, ки аз усулҳои муосири таълимӣ истифода намоянд. Дар анҷоми гардиш ба масъулин ҷиҳати иҷроиши нақшаҳои мавҷуда дастуроти мушаххас дода шуд. Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан