КАРДИОМИОПАТИЯИ ИЗТИРОБӢ – БЕМОРИИ НОДИР ВА КАМОМӮХТАШУДАИ СИСТЕМАИ ҚАЛБӢ-РАГӢ
Кардиомиопатияи изтиробӣ, ки бо номи “алоими дилшикастагӣ” ва ё “такотсубо” низ маъруф буда, як ҳолати нодирест, ки дар он дил бар асари фишори шадиди эҳсосӣ ё ҷисмонӣ муваққатан заиф мешавад. Ин беморӣ чунин номро аз боиси доштани шабоҳат бо нишонаҳои сактаи дил гирифтааст, аммо бар хилофи сактаи дил, он одатан бо бемориҳои шараёнҳои коронарии қалб алоқамандӣ надорад. Кардиомиопатияи изтиробӣ бори аввал дар Ҷопон соли 1990 аз ҷониби H. Satoh ҳамчун як бемории муваққатии ихтилоли кашишхӯрии миокард тавсиф карда шудааст. Дар баробари ихтилоли кашишхурӣ, дил шакли беназир пайдо мекунад: меъдачаи чап дар марҳилаи шадид ба мисли соати регӣ ё доми ҷопонӣ барои ҳаштпо такотсубо – кӯза бо гарданаи танг ва асоси васеъ шакл мегирад. Кардиомиопатияи изтиробӣ бештар дар занон пас аз посменопауза бидуни тангшавии назарраси рагҳои коронарӣ мушоҳида мешавад.
Сабабҳо:
Оид ба сабабҳои кардиомиопатияи изтиробӣ ҳанӯз маълумоти кофӣ дарёфт намуданд ғайриимкон аст, зеро он хуб омӯхта нашудааст. Бо вуҷуди ин, чунин мешуморанд, ки фишори шадиди эмотсионалӣ ё ҷисмонӣ метавонад боиси халалдор шудани муваққатии кори дил гардад. Эҳтимол аст, ки омилҳои изтиробӣ боиси номутавозунии системаи асаб ва тағйироти ҳормоналие шаванд, ки ба мушакҳои дил таъсир мерасонанд.
Аломатҳо:
Аломатҳои кардиомиопатияи изтиробӣ метавонанд дар бар гиранд:
-
Дарди шадиди қафаси сина, ки ба аломатҳои сактаи дил монанд аст;
-
Нафастангӣ ва душвории нафаскашӣ;
-
Набзи ғайриоддии дил ё аритмия;
-
Заифӣ ва хастагӣ;
-
Сарчархзанӣ ё беҳушшавӣ.
Ташхис:
Барои ташхиси кардиомиопатияи изтиробӣ, духтур метавонад санҷишҳои зеринро анҷом диҳад:
-
Электрокардиограмма (ЭКГ) – барои арзёбии фаъолияти электрикии дил;
-
Эхокардиография – барои омӯзиши сохтор ва вазифаи дил
-
Ангиографияи коронарӣ – барои истисно кардани бемории шараёнҳои коронарӣ;
-
Таҳлили хун – барои арзёбии сатҳи ферментҳои марбут ба осеби мушакҳои дил.
Оризаҳо:
-
Аритмияҳо: АВ – муҳосираҳо, брадикардияи синусӣ, фибриллятсияи даҳлезакҳо, тахикардия ва фибриллятсияи меъдачагӣ;
-
Норасогии шадиди фаъолияти меъдачаи чап;
-
Варамии шушҳо;
-
Шоки кардиогенӣ;
-
Пайдоиши тромб дар қуллаи меъдачаи чам ва эмболия;
-
Перикардит.