Хабарҳо ТАШРИФИ ҲАЙАТИ КОРИИ СОЗМОНИ ФИЗИОТЕРАПЕВТОНИ ҶАҲОНӢ БА МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Oct 4, 2023 0 Санаи 4 октябри соли 2023 бо ибтикори роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати татбиқи амалии нақшаҳои мавҷудаи ҳамкориҳои байналмиллалӣ бо роҳбари созмони Физиотерапевтони Ҷаҳонӣ Сиди Усмон Ди ва як зумра намояндагони ташкилоти мазкур вохӯрӣ гузаронида шуд. Зимни вохӯрӣ нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ва роҳҳои беҳтар сохтани раванди таълиму тарбия дар ихтисоси физиотерапевтӣ баррасӣ карда шуданд. Тасмим гирифта шуд, ки барои омӯзгорони ихтисоси “Физиотерапевтӣ” семинар-омӯзиши 2 рӯза баргузор карда шавад. Ҷонибҳо доир ба ин масъала андешаҳои худро баён намуда, имкониятҳои кори муштаракро баррасӣ намуданд. Намояндагони созмони физиотерапевтҳои ҷаҳон омодагии худро барои ҳамкорӣ изҳор намуда, аҳамияти рушди ин самти таълимро дар тиб таъқид намуданд. Роҳбарияти коллеҷ барои пешниҳодҳо изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ изҳор намуданд. Ҳамин тариқ, мулоқоти намояндагони созмони физиотерапевтҳои ҷаҳон бо роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” муваффақ буда, имкон дод, ки нақшаҳои оянда оид ба баланд бардоштани сифати таълим ва рушди ҳамкориҳо дар ин самти омодасозии мутахассисони баландихтисосс соҳаи тиб муайян карда шаванд. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан