Хабарҳо ДАРСИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ “ФАРАМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Oct 12, 2023 0 Санаи 11.10.2023 аз тарафи омӯзгори кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” Имомалиева Зуҳро Вилоятшоевна дар гурӯҳи 220 факултети “Кори фарматсевтӣ” ( таълимоти умумии асосӣ) дарси кушод аз фанни кимиёи таҳлилӣ дар мавзӯи “Филтронидан ва шустани такшонҳо” гузаронида шуд. Дар дарси кушод мудири кафедра ва омӯзгорони ҷавон иштирок намуданд. Дар раванди дарс аз тарафи омӯзгор усулҳои кор бо карточкаҳо, гурӯҳбандӣ, саволу ҷавоб ба якдигар, саволҳои пӯшида, тартиб додани кроссворд, муаммои химиявӣ ва чистонҳои химиявӣ ба воситаи расмҳои зарфҳои химиявии аз қоғази ранга буридашуда истифода бурда шуданд. Донишҷӯён ба дарс бо тайёрии хуб омада, дар додани саволу ҷавоб ва пурсиши вазифаи хонагӣ фаъолона иштирок намуданд. Баъди анҷоми дарс аз тарафи мудири кафедра ба донишҷӯён тавсияҳо ва маслиҳатҳои муфид дода шуданд. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан