Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАЗОРАТИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ВА СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 12-уми октябри соли ҷорӣ тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи таълим ва дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати беҳтарсозии сифати таҳсилот аз ҷониби шуъбаи назорати сифати таҳсилот дар кафедраҳои бинои асосӣ назорати раванди таълим гузаронида шуд. Ба ҳайати комиссия сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилот Давлатов А.Т., сармутахассиси шуъба Сафаров А. ва мутахассиси шуъбаи назорати сифати таҳсилот Мазабова Н.Н. шомил буданд.
Зимни санҷиш ба давомот ва сатҳи дарсазхудкунии донишҷӯён диққати хоса дода шуд. Дар давоми санҷиш аъзоёни комиссияи санҷишӣ бо муҳассилин сӯҳбатҳо гузаронида, оид ба мушкилотҳо ва пешниҳодҳо маъмулот гирифтанд.
Ҳамзамон, зимни санҷиш ҳайати комиссия раванди машғулиятгузаронии як қатор омӯзгоронро таҳлил намуда, ба онҳо баҳри беҳтарсозӣ ва ҷалби диққати донишандӯзон ба дарс тавсияҳои муфид ва саривақтӣ доданд. Ҳамчунин дар кафедраҳо бо ҳайати коллективи омӯзгорон сӯҳбатҳо гузаронида, тавсия дода шуд, ки омӯзгорони собиқадор ба омӯзгорони ҷавон ёрии методӣ расонанд. Дар охири санҷиш оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар рафти машғулиятгузаронӣ ва усулҳои рафъи онҳо ба мудирони кафедраҳо маълумот дода шуд. Инчунин оид ба давомоти донишҷӯён низ ба роҳбарияти факултетҳо маълумот пешниҳод карда, натиҷаи санҷиш дар Шӯрои олимони Коллеҷ барраси карда хоҳад шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.