МақолаҳоХабарҳо ТЕРРОРИЗМ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИ МУОСИР Бо admin Охирин навсозӣ Nov 2, 2023 0 Имрӯзҳо ҷаҳони муосир дар ҳоли пешрафту авҷи тараққиёти илму техникӣ, ба вуҷуд омадани механизмҳои нав баҳри эътироф намудани ҳаёти инсон ҳамчун арзиши махсус дар рӯи замин, инчунин рӯ ба рӯи як қатор проблемаҳои глобалие қарор дорад, ки ҳалли онҳо басо мушкил гардида, хусусияти фаромиллиро дар худ касб намудааст. Чунин як хатар, ки хусусияти фаромиллиро дорад ин “ТЕРРОРИЗМ” ба ҳисоб меравад. Терроризм яке аз падидҳои номатлуб ва зиёновару нангин ба ҳисоб рафта, ҳадафи он пароканда кардани якпорчагии давлат ва қатлу куштор буда, саркардагони он бо ин роҳ мехоҳанд ҳокимият ба даст оварда, бо роҳи тарсу ҳарос ҳукумфармои инсоният бошанд. Дар замони муосир ин падидаи нангини хунхор аз ҷониби гуруҳҳои гуногун мутаассифона бо истифода аз номҳои исломӣ ба монади “Давлати Исломӣ”, “Ҷабҳат – ан – нусра”, “Ал – қоида”, “Толибон” ҷаҳонро ба ҳарос овардаанд. Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар бисёре аз суханрониҳои худ гуфтаанд: – “Террризму тероист дину мазҳаб, ватану миллат надоранд. Новобаста аз пайрави кадом дин ва аҳли кадом миллату давлат буданаш ӯ як нафари зиёновар барои инсоният аст.” Воқеан чунин гурўҳҳои хунин нерӯи ҷисмонии худро аз ҳисоби ҷавонони берун аз таҳсилу илм, дур аз таълиму тарбияи волидайн ва надоштани фаҳмиши кофӣ оид ба дину мазҳаб ташкил медиҳанд, ки фикри ба осонӣ ба даст овардани пулу моли бе машаққат ва гумони хизмат ба динро мекунанд. Ин гурўҳҳои ба зуди чунин афродоро бо ҳар гуна роҳҳо аз қабили ваъдаи маоши хуб ва шароити зиндагии арзанда ба доми худ афтонда, баҳри амалї сохтани мақсадҳои ниҳониашон истифода мебаранд. Надоштани иттилои кофӣ дар бораи ҷараёну ҳаракатҳои террористӣ ва орзуи ба даст овардани манфиатҳои моддӣ ҷавононро ба сафи гурўҳҳои хунини террористӣ мепайвандад. Чунин раванд дар охири асри ХХ ва авали асри ХХ ба авҷи баланди худ расида, боиси нигаронии мардуми сайёра гардидааст. Аз ҷониби чунин созмонҳои террористӣ дар кишварҳои шарқи исломї ба монадиї: Сурияву Ироқ, Тунису Яман ва Нигерия мардум ба кулбори азобу машаққат, қатлу куштор ва фавти ҳазорҳо ҳазор мардуми оддӣ, ки шумораи зиёди онҳоро занон ва кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд, гирифторанд. Чунин амалҳои террористӣ дар давлатҳои номбурда боиси дур мондан аз таҳсили наврасону ҷавонон беаҳмият ва беқадр шудани ҳуқуқҳои инсон гаштааст. Беқадриву бешарафӣ ва ҳимоя намудани ҳуқуқҳои умдаи мардум дар зери зулми бедодгарон инсонҳоро сарсону саргардон сохтааст. Дар натиҷаи чунин амалҳои ғайриинсонии чунин созмонҳои террористӣ, механизмҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқи инсон, иҷрои фаъолияти муътадили худро аз даст дода, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро ба ҷо оварда наметавонад, ки ин сабаби тарк намудани шаҳрвандони зиёд аз давлати худ ва рӯ овардан ба муҳоҷират гаштааст. Мутаассифона қисмати зиёди онҳо низ ҳангоми муҳоҷират, ки бо тариқи баҳр сурат мегирад, бедарак гардида, ба ҳалокат мерасанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, аз таъсири бади чунин равандҳои ҷаҳони муосир дар канор намондааст. Мутаассифона шуморе аз ҷавонони сустиродаву камдониш ва дур аз маърифати исломию дунявӣ ба сафи чунин гуруҳҳои ихтилофангез пайваста ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин раванд баҳри пешгирии шомилҳавии ҷавонон ба чунин созмонҳои ифротӣ давлату ҳукумат ва тамоми сохторҳои марбута фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ мондаанд. Баргузории суҳбату мулоқотҳои мудиф бо тамоми қишрҳои ҷомеа ва фаҳмонидани мақсаду мароми гурўҳҳои ифротӣ боиси дарк намудани асли гурўҳҳои террористӣ ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба онҳо гардидааст. Воқеан боиси ифтихор ва сарфарозист, ки сулҳу субот ва оромию осоиштаҳолӣ дар кишвари мо ҳукмфармост ва мо хушбахтарин инсонҳое ҳастем, ки дар фазои тинҷиву оромӣ зиндагонӣ ва кору фаъолият менамоем. Вале ҳамоно баъзе аз афроди манфиатҷӯе ҳастанд, ки баҳри ба даст овардани мақсадҳои нопоку ғализи худ мехоҳанд оромии ҷомеаро халалдор сохта, ба ҳадафҳои худ ноил гардиданд. Бояд қайд намуд, ки ҳадафу мароме, ки дар паяш сиришту ғаризаҳои ғайри инсони истодааст, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Ба муқобили терроризму ифротгароӣ бояд ҳама аҳли ҷомеа дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои давлатӣ мубориза баранд, то сулҳу суботи сартосарӣ ва осоиштаҳоливу оромии ҷомеа таъмин шавад. Ассистенти кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Шерхонова Гулчеҳра Ҷумахоновна 0 Мубодила кардан