Хабарҳо МАҲФИЛИ ИЛМИИ “КИМИЁГАРОН” ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ТИББӢ – БИОЛОГӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Nov 2, 2023 0 Санаи 30 – юми октябри соли 2023 дар кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса н.и.т Ашуриён Ш.С. ва нақша – чорабиниҳои тасдиқгардида, маҳфили илмии “Кимиёгарон” дар мавзӯи “Аминоксилотаҳо” баргузор гардид. Маҳфил бо мақсади дар амал татбиқ намудани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор карда мешавад. Дар маҳфил муовини директор оид ба корҳои илмӣ – методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.т. Муминзода Ҷ.С., сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Давлатов А.Т., мутахасисони ҳамин шуъба Сафаров А.И., Мазабова Н.Н., сардори шуъбаи таълим Аслонова З.А., декани факултети “Кори ҳамширагӣ (Шакли таҳсили шабона” Фатихова З.Ҷ. ва устодони кафедра ва бинои асосӣ иштирок намуданд. Дар асоси нақша кори маҳфилро мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Раҳмонова М.Ш. ифтитоҳ намуд. Маҳфил бо ташаббуси устодони кафедраи мазкур Азимова Г.Ҳ. ва Қобилзода А.М. ташкил ва баргузор гардид. Сипас аз ҷониби донишҷӯён, ки аъзои маҳфил мебошанд маърӯзаҳои худро доир ба сохт, хосият, тасниф ва аҳамияти аминокислотаҳо дар соҳаи тиб ироа намуданд. Баъди ироаи ҳар як маърӯза байни иштирокчиёни маҳфил саволу ҷавобҳо доир гардид. Баъди ироаи маърӯзаҳо бо роҳнамоии устодон донишҷӯён кори озмоиширо вобаста ба хосияти аминокислотаҳо гузарониданд. Яке аз ин гуна таҷрибаҳои амалӣ ин таҳлили сифатии аминокислотаҳо мебошад. Дар ҷамъбасти кори маҳфил муовини директор оид ба корҳои илмӣ – методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.т. Муминзода Ҷ.С. баромад намуда, изҳор дошт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд ва баргузор намудани чунин маҳфилҳо метавонад дар татбиқи он саҳми созгор гузорад. Доир ба баргузории маҳфил ширкаткунандагон фикрҳои худро пешниҳод намуданд. Пеш 1 то 19 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан